Дар ноҳияи Ашт бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд. Сокинон низ иқдомҳои шоистаи МИМҲД ноҳияро пайравӣ менамоянд.
- Тибқи нақшаи корӣ, дар деҳоти «Ашт» ба маблағи 1 млн. сомонӣ кӯчаҳои марказиро мумфарш кардем, — мегӯяд раиси ноҳия Зариф Мирдадо. — Аз ободкориҳо сокинони деҳа илҳом гирифта, ташаббус нишон дода истодаанд. Аз ҷумла, сокини ҳамин деҳот Турсунбибӣ Одибоева изҳор дошт, ки мехоҳад 40 ҳазор сомонии маблағи пасандоз ва дастгириҳои 7 фарзанди дилбандашро ба кори ободонӣ масраф намояд. Ба ӯ маслиҳат додем, ки маблағро ба азнавсозии кӯпруке сарф кунад, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи шаҳраки Шайдон мепайвандад.
Азнавсозии пули 13-метра бо паҳноии 5 метр чандон тӯл накашид ва бо риояи талаботу меъёрҳои амалкунанда сохта шуд. Дар маросими баистифодадиҳии он раиси ноҳия Зариф Мирдадо иштирок ва суханронӣ карда, амали модари рӯзгордидаро кори хайр ва пайравӣ ба иқдомҳои МИМҲД ноҳия арзёбӣ намуд.
Ба зани ташаббускор барои саҳми арзанда дар ободонӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии МИМҲД ноҳия тақдим гардид.
М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»