Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш сол сипарӣ мешавад. Дар ҷараёни амалишавии он расму оин ва анъанаҳои миллӣ то чӣ андоза ба танзим даромад?
Атрофи ин мавзуъ бо мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Одинашо Валиевич Муродов мусоҳиба доир намудем.
- Пеш аз он ки доир ба қонуни мазкур суҳбат намоем, хоҳишмандам бигӯед, ки қаблан кадом сохтори давлатӣ расму оин ва ҷашну маъракаҳоро назорат карда, ба танзим меовард?
- Яке аз масъалаҳои хеле муҳиме, ки ҷомеаи имрӯзаи моро ба ташвиш овардааст, масъалаи хурофоту таассуб ва ривоҷ ёфтани онҳо дар байни мардум мебошад. Ҳатто қисмати зиёди ин падидаҳои номатлуб дар фикру амали гурӯҳҳо ва табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷо гирифта, ба унвони фарҳанг шинохта шуда, вазниниҳои зиёдеро ҳам барои давлат ва ҳам барои дини муқаддаси ислом ба бор оварданд.
Таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои пайгирӣ ва ҳимоякунандаи манфиатҳои мардуми хурд аз қадим ба қабули қонунҳое, ки ба баланд бардоштани вазъи маданӣ ва ахлоқии ҷомеа мусоидат мекард, ҳусни таваҷҷуҳи хоса доштанд.
Солҳои 1990-1992 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, марҳалаи хеле паст рафтани сатҳи зиндагӣ ба ҳисоб меравад ва баъди ҳодисаҳои маълум кишварамон ба буҳрони амиқи иқтисодӣ гирифтор шуд. Бо саъю талош ва таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти азиме ба вуҷуд оварда шуд, яъне солҳои 1995 ва 1997 ба аҳолии мамлакат 75 ҳазор гектар (аввал 50 ҳазор ва баъд 25 ҳазор гектар) замин тақсим гардид.
Ба аҳолии деҳот тақсим кардани 75 ҳазор гектар замин натиҷаи мусбат бахшид ва замин файзу баракаташро даҳчанд афзун намуд. Мутаассифона, исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ҷамъоварии сарват боиси косташавии сатҳи маънавиёту рӯзгори қисми зиёди мардуми камбизоат шуда, монеи пешравии кишвар мегардид.
Дар ин замина, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 июли соли 1999 № 1247 содир шуд. Мақсад ва вазифаҳои танзими ҷашну маросимҳо дар ин фармон ҳаматарафа муайян гардид.
Ҷиҳати татбиқи ин Фармон 27 ноябри соли 1999 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ» қабул шуд ва ба ҳайати он 22 нафар шахсони обруманд шомил гардиданд.
Дар вазорату идора, вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ комиссияҳои доимоамалкунандаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ташкил гардид. Раисии комиссия ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Комиссия дар сохтори шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуда буд.
Бо кӯшиши Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллии шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои маҳаллӣ дар мамлакат ҷашну маросимҳо ва тӯю маъракаҳои миллию мардумӣ то андозае ба танзим даромад. Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз моҳи ноябри соли 1999 то моҳи майи соли 2007 корҳои зиёдро ба сомон расонид. Аз ҷумла 16 конференсияи илмию амалӣ, машваратҳои ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 480 семинар-машварат дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба танзими ҷашну маросимҳо ва расму оинҳои мардумӣ доир гардид. Фаъолияти кори Комиссияи ҷумҳуриявӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қатъ ёфт.
- Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш сол сипарӣ мешавад. Он таҷрибаи нав дар қонунгузории кишвар буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул шудааст. Татбиқи он дар ин муддат чӣ гуна сурат гирифт?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардида, аз 5 боб ва 16 модда иборат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 5-солагии қабул шудани ин қонун зикр намуд, ки бо мақсади ҷилавгирӣ аз омезишҳои гуногун, ки барои қишрҳои гуногуни ҷомеа вазниниҳои муайянро ба бор оварда буд, зарурати таҳия ва қабули қонуни мазкур пеш омад.
Ҳадафи қонуни мазкур, ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии оммаи васеи мардум қабул ва амалӣ гардид, ин ба танзим даровардани анъанаҳои суннатии миллати тоҷик, аз ҳар гуна хурофот пок кардани онҳо ва танзими зиндагӣ мебошад. Бинобар ин, бояд тафаккури насли наврасро аз оила, муассисаҳои томактабӣ сар карда, дар заминаи мафкураи шарқиёнаи халқи мо, чуноне Президенти кишвар матраҳ карданд, ташаккул диҳем ва ин қонунро барои таъмини инкишофи устувори иқтисодиёт, пеш бурдани созандагиву бунёдкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум биомӯзем ва аз рӯйи он амал кунем. Аз қабули он муддати чандон зиёд нагузашта бошад ҳам, таҷриба нишон дод, ки нақшу муқаррароти он дар ҷомеа муассир буда, меъёри зиндагии мардум гаштааст.
- Баъди қабули қонуни мазкур баъзе хӯрдагирӣ ва эродҳо низ буданд, ки гӯё бо ин тариқ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон маҳдуд мешуда бошад…
- Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва пойдориву бардавомии давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қонуни миллӣ унвон кард. Қонуни мазкур аз банди 3-юми моддаи 14-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва Президенти мамлакат таъкид намудааст, ки бо мақсади расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб пок сохтан, онҳоро мутобиқ ба вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем, муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем. Аммо танзим намудан маънои маҳдуд кардани анъана ва расму оинҳоро надорад, балки яке аз роҳҳои мусоидат ба густариши худшиносӣ ва маданияти халқамон мебошад.
Ба ин ҷиҳати масъала дахл карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 5-солагии қонуни мазкур чунин таъкид менамояд: «…қонунҳои кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалӣ ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва тартиботи ҷамъиятӣ танзим намудани муносибатҳо ва маҳдудсозии қонунии амалҳоро ҷойиз медонад. Яъне, маҳдудсозӣ ба хотири ҳифзи манфиати дигарон ва нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷомеаи демократӣ тавассути қонун қобили қабул аст».
Бидуни шакку тардид, ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар аст ва сарфаҷӯйӣ ба муносибати махсус ниёз дорад. Сарфаҷӯйӣ ба меъёри зиндагӣ таъсири мусбӣ мерасонад ва мо бояд онро пайгирӣ кунем.
- Кадом субъектҳо ба иҷрои талаботи қонуни мазкур вазифадоранд ва фаъолияти онҳо дар ин самт чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Тибқи моддаи 5-уми қонуни мазкур, ҷиҳати амалӣ намудани он дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис шудааст. Инчунин дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, сарфи назар аз шакли моликият, комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис ва фаъолияти онҳо тибқи талаботи қонуни мазкур ба роҳ монда шудааст.
Имрӯзҳо дар баробари Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони 72 шуъба ва бахшҳои оид ба корҳои дини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, 499 комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва 8183 комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо дар кори назорат ва таъмини иҷрои қонуни мазкур дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолона ширкат доранд.
Мувофиқи талаботи моддаи 6 қонуни мазкур, раёсат ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ салоҳият доранд, ки маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро аз вазорат, идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаву корхона ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, талаб намоянд.
- Қонун дар ин муддат дар зиндагии мардуми кишвар мавқеи хос гирифта, талаботи он асосан риоя мешавад, аммо ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ҷой доранд, ки дар қисме аз маҳалҳо, ташкилоту муассисаҳо ба риоя нагардидани муқаррароти қонун роҳ медиҳанд. Бештар кадом талаботи қонун риоя намешавад ва омилу сабабҳои содиршавии қонунвайронкуниҳо кадомҳоянд?
- Баъди қабули қонуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз 70 номгуйи ҷашну маросимҳои расмӣ, зодрӯз, тӯйи хатнасур, домодию арӯсӣ, дафну азодорӣ ва ҳаҷ 55-тои он кам гашта, 15 адади он боқӣ монд.
Сарфи назар аз ин, фаъолияти кори комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои аксарияти шаҳру ноҳияҳо қаноатбахш нест.
Пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе низ бо назардошти он ки муттаҳидкунандаи тамоми неруҳои ақлию зеҳнӣ ва ифодакунандаи ғояҳои пешқадами ҷомеаи кишвар мебошад, бояд дар татбиқи амалии қонуни мазкур нақши муҳим дошта бошад. Мутаассифона, сарфи назар аз кӯшишҳои зиёди комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе риоя нагардидани истифодаи меъёри истифодаи мошинҳо, ду маърака баргузор намудан дар тӯйҳои домодиву арӯсӣ аз ҷониби як тараф, бо хароҷоти зиёд баргузор намудани маросимҳои дафну азодорӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин аз бетарафии аъзои комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳои дар пойтахти мамлакат фаъолиятдошта гувоҳӣ медиҳад. Чунин камбудиҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ вуҷуд дорад.
- Мехостем, ки доир ба нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба раванди қонунэҷодкунӣ изҳори назар намоед.
- Миллати тоҷик дар ҷараёни омӯзиши афкору андешаҳои шахсиятҳои барӯманди илмӣ, динӣ, адабӣ, сиёсӣ ва пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои наҷиби мардумӣ соҳиби ҳурмат ва эҳтироми оламиён гардидааст. Таҳияи қонунҳои нав, ки таҷассумгари хусусият, арзишҳои миллӣ бояд бошанд, амри воқеист. Инро вазъияти тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ тақозо мекунад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» давоми мантиқии қонунҳои миллӣ мебошад. Қонуни мазкур ҳадафҳои давлату ҷомеаро дар тарбияи фарзанд муайян намуда, заминаи баамалбарории онҳоро мукаммал мегардонад.
Баъди қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кодекс, қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ҳамзамон давоми муддати татбиқи ин қонун ба он низ тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки тақозои замон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ зарурати риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъкид намуданд. Қонуни мазкур дар раванди қонунэҷодкунии на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои хориҷи дуру наздик таҷрибаи нахустин ба шумор меравад. Ба ин қонун ҳоло кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
- Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори навтаъсис мебошад. Иҷрои кадом вазифаҳо ба уҳдаи шуъбаи мазкур гузошта шудааст?
- Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо моҳи марти соли равон ҳамчун воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Шуъба тибқи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ва таҳияи тавсия ва дастурҳои амалӣ барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросимҳоро ба роҳ мемонанд.
Ба ҳар яки мо лозим меояд, ки татбиқи ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, яъне ба низоми муайян даровардани расму оинҳои мардумӣ ва маросимҳои диниро ҳама якҷоя амалӣ намоем. Дар тақвият додани амали қонуни мазкур бояд ҳар як шаҳрванди кишвар кӯшиш намояд, барои баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки ҳадафи аслиаш ободии ҳар оила ва фардои Тоҷикистон аст, дар амал татбиқ гардонад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»