Иқдоми навбатии башардӯстонаи Сафорати Ҳиндустон

№ 22.10.2020

 Бо ташаббусу мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 октябри соли равон дар мактаби таҳсилоти умумии «Сомониён» маркази компютерӣ ифтитоҳ ёфт. Ба ин муносибат сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх ба муассисаи таълимии мазкур 25 компютер, ду принтер, се дастгоҳи нусхабардорӣ ва таҷҳизоти идоравӣ тақдим намуд.

IMG_20201020_101812 Директори мактаби «Сомониён» Ноҷия Зоҳир аз номи ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассиса ба Вираҷ Сингх изҳори сипос намуда, ёдовар шуд, ки мактаби мазкур аз соли 2000 -ум фаъолият мекунад. Дар он беш аз 400 фарзанди муҳоҷирини афғони муқими Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Ифтитоҳи Маркази компютерӣ, ки бо мусоидати сафорати Ҳиндустон сурат гирифт, бешубҳа боиси мустаҳкамшавии базаи техникии ин муассисаи таълимӣ  мегардад.

Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт, ки Тоҷикистон бо тамоми кишварҳо, аз ҷумла, Афғонистони ҳамсоя дӯстию рафоқат ва ҳамҷавории нек дошта, сиёсати сулҳҷӯёнаро пеш мебарад.

- Иқдоми бузурги башардӯстонае, ки Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон анҷом додааст, саривақтист. Зеро вазъияти имрӯзаи ҷаҳон моро водор месозад, ки бо технологияи иттилоотӣ бештар ошно бошем. Имрӯз дар бисёр кишварҳо бо истифода аз компютер кору таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шудааст. Ифтитоҳи Маркази компютерӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии «Сомониён» имкон фароҳам меорад, ки толибилмон донишу маҳорати хешро такмил диҳанд. Боварӣ дорем, ки хонандагони мактаб аз ин таҷҳизот самаранок истифода бурда, донишу малакаашонро  баланд мебардоранд, — гуфт Муҳаммаддовуд Саломиён.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх бо забони тоҷикӣ иброз дошт, ки мардуми Ҳиндустону Афғонистон аз қадим дӯсту бародар ва ҳамфарҳанг  буданд. Ҳиндустониҳо мушкилоти мардуми азияткашидаи Афғонистонро дарк намуда, дасти кумак дароз мекунанд. То ин дам Ҳукумати Ҳиндустон барои бозсозии Афғонистон қариб 3 миллиард доллар  сарф намудааст.

- Сарпаноҳ додан ба муҳоҷирон кори бузург аст. Давлати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кори хайру бузургро бисёр хуб ба роҳ мондаанд. Фароҳам овардани шароити таҳсил барои фарзандони муҳоҷирини афғон мисоли равшани ин хайрхоҳист. Ҳукумати Ҳиндустон  дар баробари расонидани кумаки иқтисодӣ ба Афғонистон ҳар сол 1000 бурсия барои таҳсил дар макотиби олии Ҳиндустон ҷудо менамояд. Нақша дорем, ки аз соли оянда барои фориғуттаҳсилини мактаби «Сомониён низ  якчанд бурсия ҷудо намоем. Ҳамчунин дар назар аст, ки муаллимони мактаби мазкур барои такмили ихтисос ба Ҳиндустон раванд.

Зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон  аз соли 2017 то ин дам дар 37 мактаби Тоҷикистон синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ  муҷаҳҳаз шуданд.

Ҳар сол Ҳиндустон дар доираи Барномаи кумакҳои техникӣ (ITEC) ба мутахассисони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон 200 бурсия ва ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Ҳиндустон 25 бурсия ҷудо менамояд. То ҳол 350 донишҷӯ ва 1500 мутахассисони тоҷик тибқи барномаҳои зикршуда дар Ҳиндустон таҳсил кардаанд.

Сарпарасти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавод Шуъла иброз намуд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамеша дастгири мардуми азияткашидаи афғон буданд.

Дар поёни маросим муҳассилини мактаби таҳсилоти умумии «Сомониён» хотири ҳозиринро  бо суруду таронаҳои дилнишин шод гардониданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»