Иқдоми нави Раиси шаҳри Душанбе барои қабули шикоятҳои мардумӣ

№ 20.10.2017

Мақомоти иҷроияи маҳаллаи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо мақсади  расидан ба ҳадафҳои созанда, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши  робитаи мустақим, аз сокинон хостааст, ки дар сурати мушоҳидаи камбудиву нуқсон дар ҳудуди шаҳр онро тавассути телефони мобилӣ аксу наворбардорӣ карда ба суроғаи почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе -  Dushanbe80@yahoo.com ирсол  намоянд.

Инчунин,  онҳо  метавонанд, тариқи шабакаҳои Viber  ё Whats  App  бо рақами 985 -95-22-22  навор ё акси гирифтаашонро ирсол намоянд.

Махфияти муаллифони навор ва аксҳои ба  суроғаи раиси шаҳр  ва телефони мазкур ирсолгардида кафолат дода мешавад.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»