То маросими навбатии зиёрати Каъбатуллоҳ рӯзҳои башумор мондаанд. Хушбахтона, иддае аз шахсоне, ки азми рафтан ба хонаи Худо доранд, ташаббусҳои нек нишон медиҳанд. Сокини деҳоти «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, соҳибкор Фаррух Шарифов, ки ба рӯйхати зоирон номнавис шудааст, аз ҳисоби сарфаи тӯйи фарзандаш ба 100 оилаи камбизоати ноҳия 1000 сомонӣ хайр кард.
Соли гузашта сокини деҳоти «Палдорак»- и ноҳияи зикршуда Саидмурод Саидов маблағи ҳаҷҷи худу ҳамсарашро барои мумфарш кардани 400 метр кӯчаи маҳалли зисташ сарф карда буд.
Бино ба гуфти муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода, инчунин сокини ҷавони ноҳия Хусравбек Ҷаҳонгиров аҳд кардааст, ки аз ҳисоби худ кӯчаеро дар деҳоти «Оббурдон» мумфарш месозад. Ӯ ҳамчунин, бахшида ба Соли ҷавонон ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ варзишгоҳи МТМУ №27-и ноҳияро аз таъмири хушсифат баровард.
М. Мақсудов, «Садои мардум»