Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои захираи маҳсулоти ниёзи аввал ба фасли зимистон давоми моҳҳои охир дар шаҳри Хуҷанд чандин ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Аз ҷумла бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» барномаи фарҳангии идона ва намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз ин чорабинӣ ва намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нарх ва сифати маҳсулоти ба харидорон пешкашгардида шинос шуд. Маълум гардид, ки тамоми маҳсулоти пешниҳодшуда аз нархи бозорҳои шаҳри Хуҷанд то 20 фоиз арзон аст. Маҳсулоти мазкур аз ноҳияҳои Ғончӣ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва шаҳрҳои Исфараю Истаравшан ворид карда шудаанд. Ҳангоми суҳбат сокинони маркази вилоят ба Раҷаббой Аҳмадзода изҳор намуданд, ки маҳз ташкили чунин намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ имкон дод, ки дар муқоиса ба як моҳ қабл нархи биринҷ, сабзӣ, картошка, пиёз, шалғам, равған аз даҳ то сӣ фоиз коҳиш ёбад.
- Ҳадафи асосии дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар мавриди анҷоми чунин амалҳои судманд аз ҳамин иборат аст. Мо низ кӯшиш мекунем, ки барои беҳтар гаштани зиндагии сокинон саҳмгузор бошем, — зикр намуд раиси шаҳри Хуҷанд.
Бино ба маълумоти масъулини соҳа, дар намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 80 тонна маҳсулот, аз ҷумла 20 тонна картошка, чор тонна гӯшт, ҳашт тонна пиёз, даҳ тонна сабзӣ пешкаши харидорон гардидааст.
А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»