Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунад, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Дар баробари чорабиниҳои гуногуне, ки аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ва сохторҳои марбута амалӣ мегардад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти байналмилалии озуқа ва кишоварзии (ФАО) Созмони Милали Муттаҳид Барномаи «Дастгирии тақвияти системаи миллии ахбороти амнияти озуқаворӣ»-ро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, пиёда месозад. Дар доираи барномаи мазкур чанде пеш дар осоишгоҳи «Санавбар»-и шаҳри Роғун семинари омӯзишӣ доир гардид. Хабарнигорамон бо истифода аз шароити мусоид дар робита ба ҳадафи асосии семинар ва таъсири натиҷаҳои он ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат, бо чанде аз иштирокчиёни он ҳамсуҳбат шуд.
Сангинбой САНГИНОВ – роҳбари лоиҳаи Барномаи «Дастгирии тақвияти системаи миллии ахбороти амнияти озуқаворӣ» -и ташкилоти ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: — Ин семинар аз ҷумлаи он равандҳое мебошад, ки барои пурзӯр кардани дониши техникӣ ва зеҳнии мутахассисони соҳаи обуҳавошиносӣ ва кишоварзӣ равона шудааст. Аз ҷумла дар ин бобат яке аз вазифаҳои кормандону мутахассисони идораи обуҳавосанҷӣ аз он иборат аст, ки дар асоси омӯзиш, таҳлил ва назорати фенологияи растаниҳо, роҷеъ ба вазъияти тараққиёти ҳар як зироат, пешгӯйии ҳосилнокӣ бояд ба ташкилотҳои ниёзманд маълумот пешниҳод намоянд. То имрӯз дар Муассисаи давлатии обуҳавосанҷии кишвар чунин маълумотро танҳо бевосита дар асоси омӯзиши растаниҳо дар қитъаҳои таҷрибавӣ ба даст меоварданд. Аз ин хотир, бо мақсади аз худ кардани тарзу усулҳои нав ва техникаи ҳозиразамон, омода кардани мутахассисони соҳаи обуҳавошиносӣ, кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ, дигар ташкилотҳои марбута, шиносойӣ ва омӯхтани усули истифодаи аксҳои кайҳонӣ барои пешгӯйии ҳосилнокӣ ин семинари омӯзиширо ташкил кардем. Дар он дар қатори мутахассисони ташкилотҳои кишвари худамон, инчунин намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Имрӯз мутахассиси соҳаи обуҳавошиносӣ бояд бо истифода аз тарзу усулҳо ва техникаи замонавӣ ахбору маълумотномаҳои дақиқу мушаххас ва фавриро дастрас карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита ба кишоварзон пешниҳод намояд, дастурамалҳо, бюллетенҳои ахборӣ тартиб диҳад. Аксҳои кайҳонӣ имрӯз дар бисёр кишварҳои Аврупо истифода мешаванд. Боварӣ дорем, ки вақтҳои наздик дар Тоҷикистон низ мутахассисони маҳаллӣ метавонанд дар натиҷаи ҷорӣ кардани усули нав ва истифодаи аксҳои кайҳонӣ пешгӯйии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро гузаронида, маълумоти боэътимоду саривақтӣ омода намоянд. Барои ширкаткунандагони семинар тамоми шароитро муҳайё намудем, ки омӯзиши онҳо самаранок бошад.
Каримҷон АБДУАЛИМОВ – муовини директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: — Мақсад аз ташкили ин семинари омӯзишӣ, ки бо мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, обуҳавошиносӣ ва омор гузаронида шуд, ин тақвият бахшидан ба раванди таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Модели (усули) агрометеорологии истифодаи аксҳои кайҳонӣ барои пешгӯйии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ падидаи нав аст. Ба ин сабаб мутахассисеро аз Ҷумҳурии Арманистон, ки дар кишвари онҳо усули номбурда аллакай ҷорӣ гардидааст, даъват намудем. Сардори Хадамоти пешгӯйии метеорологии Арманистон Зара Петросян ба сифати тренер- омӯзгор дар семинар ҳузур дошт. Мо, мутахассисони Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии ташкилоти ФАО якуним сол боз ин модели навро мавриди омӯзиш қарор додаем, ки оянда бо ҷорӣ гардидани он барои соҳаи кишоварзии кишварамон манфиатовар хоҳад буд. Моделҳо гуногунанд. Моделе, ки мо бо он сарукор мегирем, дар Донишгоҳи шаҳри Брюссели Белгия тарҳрезӣ шуда, тайи ҳашт сол ҷараёни татбиқи он идома ёфтааст. Дар Ҷумҳурии Арманистон ин модел баъди се соли озмоишу таҷриба мавриди истифода қарор гирифт. Албатта, зимни истифодаи ин усул мо онро ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ мегардонем. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ модели мазкур бори аввал дар кишвари мо ҷорӣ мегардад. Зарурати ин корҳо дар он аст, ки вобаста ба тағйирёбии иқлим мо бояд барои таъмини амнияти озуқаворӣ шаклу усулҳои нави самарабахшро дарёфт намуда, истифода барем.
Камолиддин ҚУРБОНОВ - директори Маркази назорати сифати таҳсилот ва баҳодиҳии сатҳи дониши Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур: — Ин семинар барои тақвияти раванди таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти калон дорад ва аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок мебошад. Тавре маълум аст, иҷрои ин вазифаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд. Манфиати омӯзиш ва аз худ кардани усулҳои нави замонавии ҷамъоварии маълумот ва пешниҳоди ахбор, пеш аз ҳама дар он аст, ки мо - мутахассисон барои пешгирии ҳодисаҳои ба ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ таъсиррасон ба хоҷагидорон маълумоти саривақтӣ ва фоидаоварро дастрас менамоем. Барномае, ки давоми шаш рӯз мавриди омӯзиши мо қарор дошт, ин усули истифодаи аксҳои кайҳонии пешгӯйии ҳосилнокӣ буд. Бо истифода аз ин усул тамоми маълумот ба таври электронӣ таҳия ва омода мешавад. Хуб мебуд, ки ҳамин гуна барномаҳо дар раванди таълим низ ба мутахассисони оянда омӯзонида мешуд. Ба ин восита донишҷӯён метавонанд аз технологияҳои замонавӣ бархӯрдор шаванд. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур айни ҳол ба ҳамин монанд омӯзиши усулҳои геоинформатсионӣ ба воситаи аксҳои кайҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Семинар муташаккилона гузашта, барои ширкаткунандагони он шароити мусоиди корӣ ва истироҳат муҳайё гардида буд, то омӯзиш пурсамар бошад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»