Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 27 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати шашум баргузор гардид.
Дар он рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 таҳти №386 «Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят», иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон аз 8 августи соли 2017, оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода доир ба масъалаи якум зикр кард, ки дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят 106 – 107 фоиз таъмин гардид. Тайи ин солҳо 1172 гектар замини холимонда, 358 гектар замини партов, 269 гектар чарогоҳ, 33 гектар дигар заминҳо, дар маҷмӯъ, 1832 гектар замин дар вилоят ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Дар зиёда аз 20 ҳазор гектар замини байни боғу токзорҳо, партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт гардид.
- Дар баробари муваффақиятҳо дар иҷрои барнома камбудиҳо низ ҷой доранд. Агар давра ба давра 26 ҳазору 408 гектар замини партов, 1012 гектар замини холимонда истифода шаваду зиёда аз 16 ҳазор гектар замини обӣ ҳолати обёриашон беҳтар гардад, иҷрои барномаи амнияти озуқавории вилоят хубтар хоҳад шуд, — гуфт Амонулло Салимзода.
Аз рӯи масъалаи дуюм сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ҳисобот дод.
Ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва Раёсати маорифи вилоят дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, ташкили курсҳои такмили ихтисоси сайёр, пардохти саривақтии сафархарҷии омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, таъмини китобхонаҳои электронии филиалҳои донишкада ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Донишкадаи такмили ихтисос чораҳои лозимӣ андешида шавад.
Дар иҷлосия, ҳамчунин, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.
Дар фарҷом, аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар бораи пешниҳоди вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш, оид ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш аз 13 октябри соли 2021 таҳти №75 «Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Вахш ба номи Мурод Хоҷа» тасдиқ шуда, қарори дахлдор қабул гардид.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»