Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент баргузор шуд

№ 08.01.2024

Дар иҷлосияи  ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати шашум, ки чанде пеш таҳти роҳбарии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва иштироки муовини раиси вилояти  Суғд  Зариф Мирдадо баргузор гардид, фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар соли 2023 баррасӣ карда шуд.

Раиси шаҳри Панҷакент А. Холиқзода дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар соли 2023 ҳисобот дода, зикр намуд, ки дар 11 моҳи соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ – 101,7 фоиз ва нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 101 фоиз  иҷро шудааст.

Дар ин давра шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 9090 нафарро ташкил дода, ба иқтисодиёти шаҳр 823,4 миллион сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.

Истеҳсоли маҷмӯъи маҳсулоти кишоварзӣ  ба 1,5 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 6,9 фоиз, ё 897,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар 43 коргоҳ ва корхонаҳои саноатии фаъол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷо бо хизматрасонии пулакӣ ба 4,5 миллиард сомонӣ расонида, дар ин муддат 820 ҷойи кории нав таъсис дода шуд.

- Дар шаҳри Панҷакент корҳои бунёдкорию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома ёфта, 313 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода, ҳоло корҳо дар сохтмони 21 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, беморхонаи минтақавии деҳаи Ғӯсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, мактаб барои 240 хонанда дар деҳаи Боғчаи ҷамоати деҳоти Шинг, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва ғайра идома дорад, -иброз намуд Абдухолиқ Холиқзода.

Дар ҳисобот ҳамчунин вазъи соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, маориф, тиб, кор бо занону ҷавонон, танзими ҷашну маросим, шуғли аҳолӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон,ҳифзи иҷтимоӣ, риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инъикоси фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар сомонаҳои иҷтимоӣ  ва дигар соҳаҳо баён гардиданд.

Зимни иҷлосия, инчунин буҷети шаҳри Панҷакент  барои соли 2024 тасдиқ карда шуд.

Вакилон ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг,сиёсати ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон ва ҳисоботи вакил аз  ҳавзаи интихоботии Артуч, №28-ро шунида,  қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ  намуданд.

Комрони АСЛОН