Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

№ 14.10.2024

Масъалаи асосие, ки дар иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, (даъватиVI), 20 — уми сентябри соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд,  рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, таҳти №431 «Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020 – 2024» буд.

Оид ба ин масъала вакилон ва иштирокчиёни иҷлосия гузориши муовини раиси вилоят Зайнура Азимиро шуниданд.     Таъкид шуд, ки ҳадафи амалӣ намудани барнома ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии субъектҳои дахлдор дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни аҳолӣ, хусусан ноболиғон ва ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо ва ғайра мунтазам суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Зимнан, изҳори нигаронӣ шуд, ки бо вуҷуди андешидани чораҳо то ҳанӯз ҳодисаҳои номатлуби риоя нашудани қонунҳои амалкунанда аз тарафи ноболиғон, тадриси ғайриқонунии динӣ, пӯшидани сатру ҳиҷоб аз тарафи ноболиғдухтарон, талбандагӣ, нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, худкушӣ, бесабаб иштирок накардан дар дарсҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ба назар мерасанд.

Дар иҷлосия вакилон, ҳамчунин, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот ва ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, №23 Абдухолиқ Холиқзодаро оид ба иҷрои ваколати вакилиаш шуниданд.

 М. МАҚСУДОВ,

“Садои мардум”