Зимни иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод (даъвати шашум), ки якуми июли соли равон таҳти раёсати раиси маҷлис Қадриддин Фақерзода баргузор гардид, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баррасӣ гардид.
Вобаста ба масъалаи дигари рӯзномаи иҷлосия гузориши раиси комиссияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба одоби вакилон ва назорати Дастури Маҷлиси вакилони халқ Баҳодур Абдусатторов (вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 20 «Зарафшон») дар бораи қатъи ваколати вакилон шунида шуд.
Сипас, ҳисоботи муовини раиси ноҳия Меҳрӣ Гадозода вобаста ба ҷараёни иҷрои барномаҳои миллию давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ шунида шуд. Вай аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ дар ноҳия рушд ёфта, саҳми кормандони соҳа дар нигоҳдории солимии мардум назаррас аст.
Дар фарҷоми иҷлосия нақшаи кории маҷлис ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои нимсолаи дуюм тасдиқ карда шуд.
Диловари МИРЗО,
“Садои мардум”