Дар кохи «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум доир гардид. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосия рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон оид ба рушди соҳаи картошкапарвариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин вакилон ҳисоботи сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии вилоят оид ба риояи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва қоидаҳои бехатарии меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Д. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»