Дар иҷлосияи XVIII даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, №544 «Дар бораи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ибтидо раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ин робита андеша баён дошт. Сипас, муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ маърӯза кард.
Бино ба қавли ӯ, мутобиқи нақшаи барнома, муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар солҳои 2018 – 2020 бояд бо 571 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳи муҷаҳҳази таълимӣ (соли 2018 бо 96, 2019 бо 228 ва 2020 бо 247 кабинети таълимӣ ва озмоишгоҳ) таъмин карда шаванд. Зикр гардид, ки шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бӯстон, Истаравшан, Гулистон, Хуҷанд ва Панҷакент нақшаи муқарраршударо дар ин самт иҷро намуданд.
Иҷрои нақшаи соли 2019 дар шаҳру навоҳии вилоят дар се моҳ 10,5 фоиз таъмин шудааст. Дар миёни шаҳру ноҳияҳо танҳо мактабҳои шаҳри Хуҷанд пайи иҷрои нақша шудаанд. Дар Конибодом нақшаро 44 фоиз, Айнӣ — 30, Ашт — 28 ва Ҷаббор Расулов 5,2 фоиз иҷро намуданд. Дигар шаҳру ноҳияҳо барои харидани таҷҳизоти кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳо чораҷӯйӣ накардаанд, ки ин ҳолат боиси нигаронӣ аст.
- Илова бар ин, дар муҳлати амалишавии барнома назди марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо синфхонаҳои бахшҳои экологӣ ташкил карда нашудааст, — изҳор дошт Н. Ғаффорӣ. — Гарчанде барои беҳтар гардидани раванди таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ воҳидҳои кории лаборантҳо пешбинӣ шуда бошад ҳам, дар аксар муассисаҳои таълимӣ аз воҳидҳои кории лаборантҳо ғайримақсаднок истифода мебаранд.
Номбурда гуфт, ки бо мақсади амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 «Дар бораи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022» то 1 январи соли 2019 дар вилоят 1092 синфхонаи компютерӣ бо 17187 компютери ҳозиразамон ва 2674 принтер таъмин гардидаанд. Алҳол дар 1097 синфхонаи компютерӣ 17409 компютер ва 2682 принтер мавҷуд аст, яъне таносуби воқеии дастрасии як компютер ба 1,2 нафар хонанда дар раванди таълим таъмин карда шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати таъмини босифати барнома масъулинро вазифадор намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда чораҳои дахлдор андешанд.
Дар хотима, ҳамчунин, як қатор масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»