Кишоварзӣ

Иҷрои дастуру супоришҳо мавриди санҷиш қарор гирифтанд

№58 (4164) 14.05.2020

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода чанде пеш рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрели соли 2020 доир ба зиёд намудани кишти картошка ва зироатҳои ғалладонагӣ, ҳамчунин, беҳтар кардани ҳолати мелеоративии заминҳо баён гардид, дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мавриди санҷиш қарор доданд.

Маълум гардид, ки дар ноҳияҳои зикршуда истифодаи замин, кишти ғалладонагиҳо, картошка ва дигар сабзавоту зироатҳои кишоварзӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Нақшаи парвариш, бунёд ва барқароркунии боғҳо дар ноҳияи Ванҷ барзиёд иҷро гардида, самаранокии истеҳсолот низ таъмин карда мешавад. Ҷараёни сохтмони боғчаи бачагона, маркази хизматрасонӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва дигар иншооти хусусиву давлатӣ низ хуб ҷараён дорад.

Дар ноҳияи Дарвоз низ рафти корҳои сохтмонии роҳи Ёгед — Дарвоз, оғози сохтмони канали 14 — километраи Дашти Луч ва кор дар иншооти ҷашнӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»