Дар даҳрӯзаи якуми даъвати баҳории ҷавонони кишвар ба хизмати ҳарбӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, шаҳри Душанбе, инчунин, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Бӯстони вилояти Суғд иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро беш аз 100% таъмин намуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъват беш аз 72 ва дар вилояти Суғд бошад, 54 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, иҷрои нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ аз 80 дарсад гузаштааст, ки нишондиҳандаи мазкур дар қиёс бо солҳои қаблӣ баланд арзёбӣ мегардад. Ин натиҷаи бештар ва самаранок ба роҳ мондани чорабиниҳои маърифатӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири моҳи майро дар бар мегирад.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»