Иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи якум бори шашум

№ 03.04.2024

Ба ифтихори даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҷамъомадагонро ба ифтихори Рӯзи даъватшаванда табрику шодбош намуда аз ҷумла, қайд кард, ки шаш сол мешавад зодагони ВМКБ бо дарки амиқи рисолати меҳанпарастӣ ва хизмат ба халқу Ватан, ҳифзи якпорчагию ягонагии давлат, ба ҷо овардани қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва ҳимояи арзишҳои волои миллӣ нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар рӯзи аввали маъракаи даъватӣ бо ифтихору сарбаландӣ иҷро мекунанд.

- Бо фароҳам овардани шароиту имкониятҳои хуби хизмати ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аксарияти ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гардида, бо эҳсоси масъулияти бузург дар назди халқу меҳан ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмат мераванд, — иброз намуд раиси вилоят.

Дар ин рӯз барои бархе аз даъватшудагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим шуда, баҳри сарбаландона адо намудани қарзи фарзандӣ ва рисолати ҷавонмардӣ волидон ба наваскарон барору музаффариятҳо таманно карданд.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»