Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 марти соли 2015 таҳти №418 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988- 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» моҳҳои апрел- майи соли равон шаҳрвандони синну соли даъватӣ ба хизмат ба Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд.
Тибқи муқаррароти Фармони мазкур ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ин чорабинии муҳим масъул мебошанд. Барои муташаккилона гузаронидани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссияҳои даъватӣ кори зиёди тарғиботӣ ва сафарбаркуниро ба ҷо оварданд. Андешидани тадбирҳои зарурӣ натиҷаи мусбат дод.
Тавре ба мо дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ибтидо ин маърака муташаккилона оғоз гардид. Дар рӯзи аввали сафарбаркунӣ- якуми апрел комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Сарбанд ва ноҳияҳои Дарвоз, Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро ба ҷо оварданд.
Аз маълумоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 12 майи соли ҷорӣ маълум шуд, ки дар ҷумҳурӣ нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро гардид. Маъракаи даъват дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд бо тайёрии пешакӣ ва муташаккилона гузашт.
Дигар омили сари вақт ба ҷо овардани даъват ба хизмати аскарӣ он аст, ки вақтҳои охир шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёд шуда истодааст.
Ҳоло наваскарон баъди савганди ҳарбӣ ёд кардан ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ оғоз намуданд. Онҳо идомадиҳандагони кори бошарафонаи хизматчиёни ҳарбие, ки ба рухсатӣ ҷавоб шудаанд, баҳри ҳимояи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»