Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ

Иқтидори туристии кишварро бештар тарғиб мебояд

№4 - 5 (3798 - 3799) 09.01.2018

moyaplanetaСоҳаи туризм дар кишвар мисли энергетика аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар мамлакат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ­эълон карда шавад.

Боиси хушнудист, ки тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди сайёҳӣ дар қатори панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол мекунад. Аммо нишондиҳандаи ташрифи сайёҳон ба кишвар ҳанӯз мувофиқи матлаб нест. Бо иқтидори туристие, ки ҷумҳурӣ дорад, бояд соле на камтар аз 1 миллион сайёҳ ба кишвар ташриф оранд. Тавре Сардори давлат таъкид намуданд, «сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ҳамоно беҳбудӣ металабад».

Аз рӯи маълумоти олими маъруфи соҳаи география Холназар Муҳаббатов, дар Тоҷикистон зиёда аз 400 чашмаи оби маъданию термалӣ кашф шудааст, ки дар заминаи онҳо имконияти васеи таъсиси санаторияю курорт ва хонаҳои истироҳатӣ мавҷуд аст. Аксари онҳо дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Масалан, буғи шифобахши Хоҷа Оби Гарм, ки дар таркибаш элементи радиатсионии радон дорад, аз ҳамон ҷумла аст.

Ё ин ки таркиби лойи шифобахши Оқсукони ноҳияи Ашт аз лойи Баҳри мурдаи Исроил дида, дорои элементҳои зиёдтар аст. Аммо сатҳи хизматрасонӣ ва тарғиб фарқ мекунад. Оби «Шоҳамбарӣ» низ нисбат ба бисёр обҳои минералии дар ҷаҳон машҳур барои табобати бемориҳои меъдаю рӯда ва талха самарабахштар аст.

Хуб мешуд, ки дар бораи хусусиятҳои табобатии чашмаҳои минералии кишвар ба забонҳои русию англисӣ, арабӣ, немисӣ, испанӣ ва хитоӣ дар сомонаҳои интернетӣ ва нашрияҳои хориҷӣ маълумоти васеъ дода шавад. Ҳамчунин, мутасаддиёни соҳаи туризм дар хусуси онҳое, ки аз ин обу лойқаҳои шифобахш сиҳат ёфтаанд, гузоришҳои видеоӣ, филмҳои мустанад таҳия намоянд.

Намояндагиҳои дипломатии кишвар, ки дар хориҷи мамлакат фаъолият менамоянд, бояд фаъолтар шуда, иқтидори туристии мамлакатро бештар муаррифӣ кунанд. Бо ин мақсад чопи буклету муаррифномаҳо ва тақвимҳои рӯимизӣ бо акси манзараҳои зебои мамлакат айни муддаост. Бо амалӣ кардани чорабиниҳои мазкур умед аст, ки теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар кишвари офтобиамон зиёд гардад.

Урозгул НОРБУТАЕВА,

омӯзгори МТМУ №91,

шаҳри Душанбе