Таърихи ҷаҳон кам тамаддунеро медонад, ки мисли тамаддуни форсии тоҷикӣ ба масоили рушди ҷомеа тавассути ҳукмрони одилу оқил ва бо риояи арзишҳое чун адлу доди иҷтимоӣ, инсонгароӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ таваҷҷуҳ карда бошад.
Аҷдоди мо дар қадим дорои низомҳои эътиқодие, аз қабили меҳрпарастиву зардуштия буданд ва ба масъалаҳои бунёдии ташаккули ҷомеаи инсонӣ диққат медоданд. Аз онҳо муҳимтарин усули ахлоқиву маънавӣ – пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро олимони фарҳангшинос доимо таъкид мекунанд ва воқеан, ин ҳамон роҳнамои ахлоқиест, ки реша дар маънавиёти асили инсонӣ дорад. Бо густариши дини ислом низоми олами инсонӣ тағйир ёфт, вале ғояи адлу дод дар низоми ин дин низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба фарҳанги давлатдории миллии мо дахл дорад, нақши ҳукмрони одил дар пешбурди ҷомеа ба сӯи саодату осоиш аст. Аз Фирдавсӣ то ба Саъдиву Кайковус садҳо фозилу нобиғаи адабу фарҳанги мо дар осори безаволашон ба ин масъала таваҷҷуҳ кардаанд. Шоҳони одил ситоиш ва ҳукмронони ситамгар танқид шудаанд. Саъдӣ боби аввали «Гулистон»-ашро ба сирати подшоҳон ва Кайковус боби чилу дуюми «Қобуснома»-ашро ба оин ва шарту шароити подшоҳӣ бахшидаанд.
Муҳаммад Ғазолӣ дар «Насиҳат-ул-мулук» меорад, ки «Худои таъоло аз бани Одам ду гурӯҳро баргузид ва ин ду гурӯҳро бар дигарон фазл ниҳод: яке пайғамбарон ва дигаре мулук… Ҳукми эшон ҳам ба хос аст ва ҳам ба авом, ҳам дар зоҳир аст ва ҳам дар ботин…». Ин андешаи Ғазолӣ перомуни як меҳвар давр мезанад, ки он беҳтар намудани ҷомеа ва эҳёи дин аз тариқи камоли султон бо роҳи ақлу имон аст.
Фирдавсии бузург хирадро фазилати аввалияи соҳиби тахту тоҷ мепиндорад. Ба қавли ӯ:
Хирад дар ҷаҳон чун дарахти вафост,
В-аз ӯ бар нахустин дар дили подшост.
Ҳар он кас, ки ӯ дарнишинад ба тахт,
Хирад бояду номдориву бахт.
Саъдии бузургвор хидмати раиятро бузургтарин неъмати ҳар валинеъмат донистааст:
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест…
Тоҷикистон соли 1991 соҳиби беҳтарин неъмати башарӣ — истиқлолияти давлатӣ шуд, аммо баъди муддате хатари аз байн рафтани он ба вуҷуд омад, яъне ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Ана, дар ҳамон марҳилаи ҳассос шахсияти бузурге дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарӣ пазируфта шуд, ки миллату кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид.
Таърихи бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз бо талошҳои неки ин фарзанди миллат кишвар ҳамон ҷойгоҳеро дарёфт, ки аз даст дода буд. Бори дигар собит гардид, ки бидуни роҳбари кордон ва ғамхори раият ҷомеа пеш нахоҳад рафт.
Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик хирад, адолат ва ростӣ барои шоҳон арзишҳои ҳатмӣ шуморида мешаванд. Раҳнамоии халқ ба роҳи дуруст, таъмини зиндагии шоиста, нигоҳ доштани раият аз парокандагиву низоъ аз ҷумлаи масъулиятҳоест, ки танҳо шахси фозилу хирадманд метавонад аз уҳдааш барояд. Маҳз ҳамин андешаи бори масъулияти давлату миллат бар дӯши Сарвари давлат буд, ки Парламенти Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро қабул намуд ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат расман эътироф гардид.
Пешво ба маънои пешраву пешбаранда ва роҳнамову роҳбар ба шахсият ва корномаҳои беназири Эмомалӣ Раҳмон комилан мувофиқат мекунад. Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки нисфи олам банди низову муноқишаҳост, сарнавишти кишвар ва мардуми он бояд ба дасти касе бошад, ки масъулияти баланди ватандорӣ дорад. Ҷомеа бояд ба қадри чунин шахсият бирасад ва ба сиёсати ӯ ҳамовоз бошад, чунки меъёри асосии ин ҳамовозӣ ва пазироӣ адолат аст. Адолат бошад, аз ҷумлаи меъёрҳоест, ки ҳамеша гиромӣ дониста мешавад.
Дар таҷрибаи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани сулҳ ва муттаҳид намудани миллат мавқеи марказӣ ва хеле ибратомӯз барои сарварони мамлакатҳои дигар, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказиро дорад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир буд, ки давлатҳои дунё онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор додаанд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷангҳои дохилӣ солҳои дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб шудаанд. Бешубҳа, сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини Президенти кишвар мебошад, ки ӯро дар дилу дидаи мардум маҳбуб сохт. Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро аз ҷангу муноқиша берун кашида, ваҳдати миллӣ ва ризояти ҷомеаро таъмин намуд.
Пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир на танҳо ба манфиати ҷомеаи Тоҷикистон, балки ҷаҳон аст.
Солҳои охир душманони дини мубини ислом бо номи ин дини таҳаммулпазир ва сулҳҷӯ амалҳои террористӣ анҷом дода, ба ин васила, номи онро паст ва мусулмононро бадном сохтанд. Дар робита ба ин, Президенти кишвар аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён муроҷиат карда, гуфтанд, ки «террорист ватан, миллат ва дин надорад». Роҳбари давлати тоҷикон шаъну шарафи мусулмононро ҳимоя намуда, тамғаи «террор»-ро аз номи ислом бардоштанд. Ин беҳтарин хизмат барои мусулмонони ҷаҳон ба шумор меравад.
Инчунин, беҳтарин иқдоми дигаре, ки дар ин самт бо ибтикори Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд, баргузор намудани Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310-солагии Имоми Аъзам, эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва хазинаи эҳтиётии Президенти кишвар ҷудо гардидани даҳҳо миллион сомонӣ барои чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ буд.
Хизматҳое, ки Пешвои миллат дар назди миллату кишвар анҷом додаанд, барои мардум чун шуълаҳои офтоб равшан мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханронӣ такя бар мардум доштанашонро изҳор медоранд ва шукри сарзамину халқро ба ҷо меоранд. Халқ низ аз чунин Пешво ҳамеша шукргузор аст.
Иноятулло Сайфуллозода,
донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон