«Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад». Эмомалӣ РАҲМОН
Тоҷикон ба гурӯҳи қадимтарин миллатҳои дунё шомиланд ва таҳқиқоти олимони барҷаста, омӯзиши таърихи халқҳои куҳанбунёд собит мекунад, ки халқу миллатҳое, ки умри дарози таърихӣ дидаанд, ваҳдаташон комилтару мустаҳкамтар аст.
Барои ҳифзи миллат аз хатари парокандашавӣ ва бо мақсади аз байн бурдани зуҳуроти номатлуб, аз қабили маҳалгароӣ ва бегонапарастӣ, ки омилҳои заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «якум, муттаҳидшавии миллат, пойдор намудани ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва иқтидори давлати миллии соҳибистиқлол, сулҳпарвар, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ; дуюм, дар заминаи ваҳдати миллат, муҳаббат ба ватан, забон, илму адабиёту фарҳанг ва тафаккури миллӣ бедор намудани ҳисси худшиносию ифтихори миллӣ; сеюм, таҳти парчами Ватан ва ғояҳои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарҷамъ омадани ҳама ҳизбу созмонҳо ва ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, дар доираи қонун бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал намудани ҳамаи ихтилофоти бамиёномада; чорум, ҳифз намудани боигариҳои моддӣ ва маънавии миллат, бузургдошт ва қадршиносии ашхосе, ки дар ҷодаи ваҳдати миллат, худшиносию ифтихори миллӣ, муттаҳидии мардуми Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардаанд».
Бешубҳа, яке аз падидаҳои нодире, ки ҳамрадифи Истиқлолияти давлатии кишвар дар таҷрибаи ҷомеасозии навини тоҷик мавқеи ниҳоят устувор дорад, ваҳдати миллӣ аст. Таҷрибаи рушди ҷомеаи башарӣ собит месозад, ки чунин инояти ваҳдат ба миллате насиб мегардад, ки агар дар масири таърих мояи ҷаҳонбинию саъйи маърифатиаш бардошти судманде аз ин падида карда бошад.
Ваҳдат маҳсули ақлу хирад буда, инъикосгари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ аст. Инро дар мисоли сулҳи тоҷикон дидан метавон, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Заминаи мусоиди рушди ҷомеа дар шароити нав ва бартарафсозии монеаҳо дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ имзои як силсила ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ таҳти унвони Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (соли 1997) буд, ки дар асоси он ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳои ҷиддӣ соли 1999 тариқи раъйпурсии умумӣ ворид карда шуд.
Маҳз хизматҳои беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди қабули Конститутсия то ба имрӯз қонунҳое таҳия ва қабул гардиданд, ки заминаҳои ҳуқуқии ваҳдатро таҳким бахшиданд. Ҳамчунин, нақши санадҳое, ки дар рафти гуфтушуниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи оштии миллӣ қабул шуданд, хеле муҳим буданд. Аз ҷумла Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997), қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999) ва таъсиси парлумони думаҷлиса — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварданд.
Бешубҳа, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар заминаи мусоид барои рушд дар ҳама соҳа ба вуҷуд омада, фазои нави ҳуқуқӣ барои бартараф кардани монеаҳои дар самти волоияти қонун ва демократия мавҷуда фароҳам шуд, ки ин ҳама ҳақиқатан ҳам Пешвои миллати тоҷик будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон зимни мулоқоту суханрониҳо на фақат проблемаҳои Тоҷикистон, балки мушкилоти глобалии барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳимро низ масъалагузорӣ мекард. Хусусан, қазияи Афғонистон, ки манбаи асосии паҳншавии терроризму экстремизм ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба давлатҳои дигари ҷаҳон аст, аз масъалаҳои доимие буд, ки Сарвари давлат онро таъкид мекард.
Масъалагузориҳо оид ба таъмини дастрасии мардуми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ ва шароити санитарӣ боис шуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд.
Имрӯз дар Тоҷикистон намояндагии 30 созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва сохторҳои СММ фаъолият мекунанд. Дар кишвар намояндагии 46 ташкилоти байналмиллаии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шуда, якҷо бо ташкилотҳои байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ) барои тараққиёти соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шуда, вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самти сиёсати хориҷии худ намояндагиҳои дипломатиашро дар 28 давлати хориҷа, инчунин, намояндагиҳои доимии худро дар назди СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони конфронси исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Аврупо кушодааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб, шаҳри Екатеринбург ва Уфаи Федератсияи Россия, шаҳрҳои Қундуз, Мазори Шариф ва Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
Дар ин давра бо пешниҳод ва тавсияҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асосии байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи СММ (соли 1945 ), Санади хотимавии Хелсинки (соли 1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1966), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шаъну шараф (соли 1984) ва ғайраро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ мешуморад.
Масъалае, ки мо бояд ба он аҳамияти ҷиддӣ диҳем, торафт афзун шудани таҳдиди терроризм ва экстремизм мебошад. Чуноне Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
Бо иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ниҳоят назаррас аст. Дар доираи ин созмони минтақавӣ Тоҷикистон тақрибан ду ҳазор санад ба имзо расонидааст. Беҳуда нест, ки бархе аз сиёсатшиносони бурунмарзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори Федератсияи Россия, Беларус ва Қазоқистон «локомотиви рушди ҳамгироии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ном мебаранд.
Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ тавонист Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар мувофиқсозии санадҳои байналмилалие, ки сарчашмаи ҳамкориҳои Тоҷикистон гаштанд, саҳми беандоза ва баҳри таҳкиму рушди ҳамкориҳо ҷаҳду талош намояд.
Ҷомии АБДУРАҲМОН, донишҷӯйи Академияи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия