Дар ноҳияи Нуробод тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 «Дар бораи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои зиёди ободонӣ анҷом меёбанд.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Зафар Ҳисориев гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорон бо ҷалби соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинон аз 248 иншооти ҷашнӣ 185 — тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони роҳи байналмилалии Обигарм — Нуробод оғоз шуд.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия соли 2021 бо мақсади дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои нақлиёт 156 километр роҳ ба маблағи 29200 сомонӣ таъмиру барқарор шуданд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисми дуюми роҳи марказии шаҳраки Дарбанд аз ҷониби ҶДММ «Нуробод — лоиҳа» бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун» босуръат идома дорад.
Соҳибкорон ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозии 15,3 километр роҳи маҳаллиро ба уҳда гирифтаанд. Барои корҳои сохтмону ободонӣ аз ҳама сарчашмаи маблағгузор 50 миллиону 430 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»