Дар ноҳияҳои минтақаи Рашт мардум бо шавқу рағбат Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуниданд.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, — гуфт дар суҳбат омӯзгори ҷавон Ҳуштарбек Маҳмараҳимов аз ноҳияи Лахш, — дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, солҳои 2022 — 2026 — ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи олам гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз рушди бемайлони соҳаи саноат метавонад ба пешрафти кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат намояд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин хусус таъкид карданд: «Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат», тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор имконпазир мебошад».
Ин пешниҳоди Сарвари давлат боиси афзоиши ҷойҳои кор гардида, имкон медиҳад, ки ҷавонон ба муҳоҷират нарафта, дар Ватан кор кунанд.
- Пешвои миллат,- гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов, — ба саҳми кишоварзони ҷумҳурӣ баҳои баланд ва маслиҳату дастурҳои муфид доданд. Солиён зиёд аст, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият дорам ва дастгирии ҳамешагии Пешвои миллатро дар рушди соҳа медонам. Ҷалби таваҷҷуҳи кишоварзон ба боғпарварӣ хеле муҳим буда, ин нукта аз мадди назари Пешвои миллат дур намонд. Оид ба соҳа дар Паём зикр шуд, ки «…дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди соҳа дар замони истиқлолият майдони боғу токзор дар мамлакат 3,6 баробар ва истеҳсоли меваю ангур 4,3 баробар афзоиш ёфт. Агар майдони умумии боғу токзорҳо соли 1991-ум 56 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2021 ин нишондиҳанда ба 202 ҳазор гектар расонида шуд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат соҳаҳои мазкур бомаром тараққӣ карда, танҳо аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 700 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд».
Ин баҳо аз ҷониби Президенти кишвар масъулияти моро бештар гардонида, ҳавасмандии кишоварзонро дучанд месозад.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи дурахшон аст, — гуфт директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13-и ноҳияи Тоҷикобод Суҳроби Ваҳҳобниё. — Мо, омӯзгорони ноҳияи Тоҷикобод, аз он миннатдорем, ки Сарвари давлат оид ба соҳаи маориф ва заҳмати омӯзгорон бениҳоят қадршиносанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, аммо корҳои зиёдро ба анҷом расонидан лозим меояд. Ман аз ҳар як Паём илҳом мегирам ва талош менамоям, ки аз Паём то Паём вазифаҳоро софдилона иҷро намоям.
Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб таъкид карданд: — «Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Донистани забонҳои хориҷӣ муҳим арзёбӣ шуда, оид ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар намуданд: «Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷое намерасад».
- Ҳамаи мо хуб огоҳӣ дорем, ки аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон Пешвои миллат барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа тадбирҳои муҳим андешиданд ва то ба ҳол ин масъаларо аз мадди назар дур нагузоштаанд, — гуфт дар суҳбат директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Рашт Сайнисо Абдураҳмонова. — Маҳз дастурҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки ҳоло сафи занони роҳбарикунанда дар ноҳия рӯ ба афзоиш аст. Дар Паёмашон Роҳбари мамлакат барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дастур доданд: «Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла, дар мақомоти роҳбарикунанда, ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан — модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳама сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом, аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».
Ин баҳои баланди Пешвои миллат моро вазифадор менамояд, ки донишу маҳорат ва истеъдодамонро барои рушди кишвар сарф намоем ва дар баробари ин баҳри тарбияи фарзандон саҳми сазовор гузорем, — гуфт Сайнисо Абдураҳмонова.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»