Лаҳзае, ки ҳамроҳи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» Худододи Зайниддин ба маҳаллаи Эмом Муҳиддини шаҳраки Ғарм расидем, ҳашари умумӣ бо сарварии муовини раиси ноҳияи Рашт Саидбек Идибекзода идома дошт. Сокинони маҳалла ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо бо шавқу рағбат ба ниҳолшинонӣ машғул буданд.
- Тибқи нақша бояд дар ин мавзеъ ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинонем. Вале дар ин ҷо майдонҳои холӣ ҳастанд, ки мехоҳем дарахтони мевадиҳанда шинонем, то коми сокинони маҳалла аз меваи маҳаллӣ ширин гардад. Сокинони ноҳия дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, барои татбиқ намудани онҳо содиқона заҳмат мекашанд, — гуфт Саидбек Идибекзода. — Имсол нақша дорем, ки 28 700 бех ниҳоли ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонем. Дар ин заминҳо бунёди 17 гектар боғи нав дар назар аст. Барои бунёди боғ мо аслан заминҳои бекорхобидаро истифода мебарем. Шарикони рушд низ дар ин кори хайр дастгирии худро дареғ намедоранд. Тавонистем соли равон 20 гектар ҷангал бунёд кунем.
Ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шавқу рағбати мардумро зиёд намуд ва қисми зиёди онҳо замини наздиҳавлигиро ба боғ табдил додаанд. Бунёди боғҳои нав ба деҳоти ноҳия ҳусни нав зам намуда, ба боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум боис мегардад, — гуфт дар хотимаи суҳбат Саидбек Идибекзода.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»