- Дар шаҳри Истаравшан омодагиҳо ба истиқболи сазовори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи мушаххаси дастгоҳи раиси шаҳр ва Раёсати маориф идома дорад. Дар ҳама муассисаҳои таълимӣ роҷеъ ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо доир шуданд. Тавассути телевизиони маҳаллии «Афшин», радиои маҳаллии «Авис-Плюс» ва «Дунё-Плюс» барномаҳои махсус вобаста ба истиқлолият, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш гардида истодаанд. Ин барномаҳо, гузоришҳо аз ҷараёни чорабиниҳои идона — мусобиқаҳои варзишӣ, суҳбату суханрониҳои фаъолон, иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар табақаҳои пешқадами ҷомеа ба худшиносии миллии ҷавонон, тарғиби онҳо дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ мусоидат менамоянд, — мегӯяд муовини раиси шаҳр Хосият Фозилова.
Бино ба гуфти мавсуф, дар ин раванд рӯзномаҳои маҳаллии шаҳр низ бо чопи мақолаҳо, гузоришу маърӯзаҳои ашхоси шинохта саҳми муносиб доранд.
Шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр як силсила чорабиниҳои идонаро ба нақша гирифтааст, ки аз маҳфилҳои «Шеъру наво», «Созу садои хуш», «Сурудҳо дар васфи Ватан, Парчам, Суруди Миллӣ» ва ғайра иборат мебошанд.
Чанде пеш ба ин муносибат дар Мактаби варзишии кӯдакону наврасон ба номи Абдухолиқ Қодиров мусобиқаҳои наврасону ҷавонон оид ба бокс, таэквандо, гӯштии юнонӣ — римӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Горкий мусобиқаи тенниси рӯи миз доир карда шуданд.
- Аз санаи 20 ноябр бо ибтикори Федератсияи футболи шаҳр ва дастгирии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар Маҷмааи варзишии «Далерон» мусобиқа байни ҷавонону наврасон оид ба футболи хурд оғоз гардид, — мегӯяд мудири бахши мазкур Парвиз Почокалонов.
Парвиз Почокалонов афзуд, ки ба ҷуз аз чорабиниҳои варзишӣ боз барои роҳпаймоии зиёда аз панҷ ҳазор нафар ҷавонону наврасон, ки аз донишҷӯёну муҳассилин иборат мебошанд, ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ гирифта истодаем.
Бояд гуфт, ки тадбирҳои идонаи сокинони шаҳри Истаравшан бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ дар «Гулбоғи адибон» анҷом хоҳад ёфт.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»