Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 16 бунгоҳи муосири тиббӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин беҳтарин дастоварди сол дар самти таҳкими соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ба ҳисоб меравад.
Дар ин хусус раиси ВМКБ зимни ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Миденшарви деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа иттилоъ додаанд.
Соли равон бо кумаку дастгирии Ҳукумати кишвар дар вилоят 30 иншооти табобатию профилактикӣ ба маблағи 130 млн. сомонӣ сохта шуда, бештари онҳо аллакай дар хизмати сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қарор доранд.
Бар замми ин, сохтмони беморхонаи ҳафтошёнаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ ва шифохонаҳои марказии ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз низ бомаром идома дошта, ин муассисаҳои тандурустӣ дар оянда бо муосиртарин таҷҳизот таъмин хоҳанд шуд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»