Дар ноҳияи Мурғоб се иншооти нави сайёҳӣ — дар деҳоти «Қарақул» меҳмонхонаи «Сайёҳи шарқӣ», дар мавзеи Шаштеппа меҳмонхонаи «Истиқлол» ва дар деҳоти «Аличур» меҳмонхонаи «Нури кӯҳистон» ба истифода дода шуданд.
Меҳмонхонаҳои нав аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо харҷи 2 млн. 588 000 сомонӣ ва иборат аз 52 кат бунёд шуда, баъд аз ифтитоҳи онҳо 17 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гаштанд.
Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои ояндадору афзалиятноки ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ноҳияи Мурғоб аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлат бархӯрдор буда, сайёҳӣ дар ноҳия давра ба давра тавсеа меёбад. Бояд гуфт, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 16 000 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омада, аксарият аз ноҳияи Мурғоб дидан намудаанд, зеро ин гӯшаи тамошобоби Ватан дорои кӯлҳои калонтарин, ҳайвоноти нодир, ёдгориҳои беназири таърихӣ ва дигар ҷойҳои дилкаши сайёҳӣ аст.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»