Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон биноҳои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Сағирдашт ва таваллудхонаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни ифтитоҳи иншооти нав раиси вилоят Алишер Мирзонабот сокинони ноҳия ва ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, иброз намуд, ки давоми 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ноҳияи Дарвоз ба пешравиҳои зиёд ноил шуда, ба туфайли ваҳдати комили миллӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза гирифтаанд.
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб як қатор иншооти маишию иҷтимоӣ ва корхонаҳои саноатӣ, аз қабили гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат бо харҷи 28 миллион сомонӣ, меҳмонхонаи «Дарвоз-континентал» — 10 миллион сомонӣ, корхонаҳои саноатии ҶДММ «Рател-паста», ҶДММ «Шимшо» — 7,5 миллион сомонӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ҳоло таҷдиду барқарорсозии роҳи байналмилалии Қалъаихумб — Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ босуръат идома дорад, ки имсол 50 километри он асфалтпӯш мегардад.
- Ваҳдати миллӣ иттиҳоду ягонагӣ, пирӯзии сулҳу субот, роҳи дурахшони ояндаи Ватан, хираду иродаи азалии мардум буда ва ин дастоварди беназир бояд ҳифзу гиромӣ дошта шавад, — таъкид намуд Алишер Мирзонабот.
Инчунин, 29-уми июни соли равон роҳбарияти вилоят аз истироҳатгоҳи деҳоти Сағирдашт ва қисмҳои ҳарбии ноҳия боздид карда, бо наврасону ҷавонон ва сарбозон перомуни Ваҳдати миллӣ, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат намуданд.
Ҳамон рӯз дар варзишгоҳи ҷамоат мусобиқаи гӯштини миллӣ ба ифтихори ҷашн ва дарёфти Ҷоизаи раиси ВМКБ доир гардида, ҷоиза насиби варзишгар аз шаҳри Ҳисор шуд.