Дар ҳошияи барқароршавии муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Конибодом бозори нави «Дӯстӣ» ба фаъолият оғоз кард, ки дар он асосан молу маҳсулоти сокинону тоҷирони ноҳияи ҳамсарҳади Бешариқ ва шаҳри Хӯқанди кишвари ҳамсоя ба фурӯш гузошта мешаванд.
Раиси «Дӯстӣ» Сафар Бобиев гуфт, ки «бозор дар заминаи коргоҳи консервабарории шаҳр таъсис ёфт ва дар он айни ҳол 200 соҳибкори ҷумҳурии ҳамсоя маҳсулот ба фурӯш гузоштаанд. Нархи маҳсулоти онҳо назар ба бозори маҳаллӣ нисбатан арзон аст».
М. Мирзоаъзам,
«Садои мардум»