Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Покистон шаҳри Исломобод оғоз намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати мазкур иттилоъ доданд, хатсайри мазкур барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Парвози нахустин 27-уми июни соли 2024 сурат гирифта, минбаъд парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 10:30, аз Исломобод — соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз камтар аз 2 соатро ташкил дода, парвозҳои мустақим тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мегарданд.
Исломобод яке аз зеботарин пойтахтҳо ба шумор рафта, бо Душанбе бародаршаҳр мебошад. Фурудгоҳи байналмилалии Беназир Бҳуттои Исломобод аз рӯи бузургиву имконот сеюмин фурудгоҳи Покистон маҳсуб ёфта, аз он ҷо ба Амстердам, Бангкок, Барселона, Бирмингем, Копенгаген, Лондон, Манчестер, Милан, Осло, Париж, Пекин, Рум, Истанбул, Токио, Торонто, Абу-Дабӣ, Баҳрайн, Ҷидда, Доҳа, Дубай, Кобул, Қувайт, Маскат, Трабзон, Урумчӣ, Шарҷа, Риёз ва дигар шаҳрҳо парвозҳои мустақим амалӣ мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Покистон зимни мулоқоти роҳбарияти олии ду кишвар ба миён гузошта шуда буд. Дар арафаи боздиди расмии дарпешистодаи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф аз Тоҷикистон ифтитоҳи хатсайри мазкур фоли нек аст.
Ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Исломобод географияи парвози ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-ро мукаммалтар гардонид. Ширкати мазкур дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат аст. Тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои асосии ширкат мебошанд ва дар айни замон “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
“Садои мардум”