Ифтитоҳи иншооти нав дар ВМКБ

№130 (4392) 19.10.2021

245436027 121962383542466 2639732934555294768 n10 октябри соли равон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар деҳоти «Бартанг»-и ноҳияи Рӯшон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и деҳаи Равмед ифтитоҳ ёфт.

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, мактаби нав дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкори ватанӣ, абераи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур аз ноҳияи Шуғнон Шаҳбози Шоҳалишо сохта шуда, барои бунёди он зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Муассиса бо шароити муосири таълимӣ таъмин буда, хонандагон таҳсилро дар синфхонаҳои кушоду гарми он оғоз намуданд.

Ёдгор Файзов дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таълимӣ гуфт, ки он беҳтарин ҳадя барои сокинонону толибилмон бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

- Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ишооти нави таълимӣ дар гӯшаи дурдасти кишвар аз иқдому дастгириҳои пайваста ва сиёсати созандаи Пешвои миллат дар ҳамкорӣ бо бахши хусусиву шахсони саховатпеша мебошад, — гуфт раиси вилоят.

Сокинони деҳот барои таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар, хоса Роҳбари давлат нисбат ба минтақаҳои дурдаст миннатдорӣ баён намуда, толибилмон ваъда доданд, ки баъди хатми бомуваффақияти муассисаи таълимӣ баҳри ободии Ватан талош мекунанд.

Ҳамчунин, роҳбарон аз рафти бунёди бунгоҳи тиббии деҳот, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, ноҳияи Рӯшон ва соҳибкорон сохта мешавад, боздид намуданд. Мувофиқи маълумоти сохт­мончиён, иншоот то охири моҳи равон ба истифода дода мешавад.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»