Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб корхонаи хурди ҳасиббарорӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи корхона изҳор гардид, ки дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас буда, бо ин васила метавонанд, ки сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин намоянд.
Корхонаи ҳасиббарорӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Валиҷон Абдураҳимов таъсис дода шудааст. Гуфта шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 1000 кг буда, дар он 10 навъи ҳасиб истеҳсол мегардад.
Айни замон дар корхона 16 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»