Чанде пеш дар ноҳияи Шаҳринав бинои мактаби нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иборат аз 36 синфхона ва 620 ҷойи нишаст мебошад.
Дар маросими ба истифода дода шудани мактаби замонавӣ раиси иҷроияи Бунёди Саудии Рушд (БСР) Султон ибни Абдураҳмон ал – Маршад, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибн Абдураҳмон Аррушайдон низ иштирок доштанд.
Сохтмони ин муассисаи таълимӣ дар доираи марҳилаи чоруми тарҳи бунёди 34 мактаби миёна дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон бо маблағгузории Бунёди Саудии Рушд мебошад, ки ба ин мақсад ба маблағи 35 млн. доллар қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.
Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ба Роҳбарияти Олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои дастгирии рушди соҳаи маориф дар кишвар изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки маблағгузории лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд, ки БСР ба Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб анҷом додааст, 12 қарзи имтиёзнок ба маблағи зиёда аз 193 млн. доллар барои иҷрои 12 лоиҳа ва барномаи рушд мебошад. Он ба рушди зерсохтори соҳаҳои тандурустӣ, маориф, таъмини об, дастгирии соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар Тоҷикистон равона карда шудааст.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»