Дар деҳаи Куҳандижи шаҳри Истаравшан маркази саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки минбаъд 13 нафар корманди тиб ба беш аз 8700 нафар аҳолии деҳот хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Бинои пештараи марказ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва иншооти нав бо дастгирии аҳолии деҳот ва буҷети маҳаллӣ ба маблағи беш аз 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Бино дорои 11 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, сарпарастор, хатна, момодоя, эмкунӣ, сабти барқи дил, сӯзангузаронӣ ва ташхисгоҳи клиникӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар деҳаи Боботағои шаҳр низ маркази нави саломатӣ ифтитоҳ гардид, ки он ба 9900 нафар аҳолии деҳот хизмати тиббӣ мерасонад.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»