Бо иқдоми роҳбарияти Ширкати «Помир Энерҷи» дар маркази ноҳияи Мурғоб маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи сентябри соли гузашта дар маркази ноҳия бо ташаббуси Ширкати «Помир Энерҷи» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 кВт ба фаъолият оғоз намуд. Маросими ифтитоҳи неругоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки ин умеди сокинони ноҳияро ба ояндаи нек боз ҳам қавитар сохт.
Дар Маркази хизматрасонии нав муштариён метавонанд пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашударо ба анҷом расонанд, оид ба тавозуни ҳолати пардохт, тарифи ҷории қувваи барқ ва ғайра маълумоти дақиқ дастрас намоянд. Ғайр аз ин, сокинони ноҳия бо мақсади ба шабакаи барқӣ пайваст намудани бино ва нишооти навсохт ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ нарафта, имкон доранд, ки дар Маркази хизматрасонӣ мушкилашонро ҳал намоянд.
Шоҳтолиби Шоҳқосим, «Садои мардум»