Дар ҷумҳурӣ мавсими ҷамъоварии пахта фаро расидааст. Чун «тиллои сафед» боигарии асосии давлатамон ба шумор меравад, онро бояд аз сӯхтор ва ҳар гуна офатҳо ҳифз намоем.
Ҳамасола кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар хирманҳо, нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркарди пахта корҳои профилактикӣ гузаронида, ба роҳбарону шахсони мутасаддии зиддисӯхтор, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорони алоҳида амрнома ва маслиҳату пешниҳодҳои муфид медиҳанд. Дастаҳои идоравии оташнишонӣ дар байни деҳқонону коргарон, тракторчиҳою ронандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Мутаассифона, бинобар сабаби хунукназарӣ, сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ аз тарафи масъулин ва риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ гоҳҳо сӯхтор ба амал меояд. Соли гузашта дар ҳамин вақт қариб як тонна пахта сӯхта нобуд шуда буд. Хушбахтона, соли равон сӯхтори пахта ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳушёриро аз даст набояд дод.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар бисёр маврид аз сабаби надоштани шарорахомӯшкунак ва ё дуруст набудани дудбарои трактору автомашинаҳои барои ҷамъоварии пахта сафарбаркардашуда пахтаи дар хирманҳо ва дар наздикии роҳҳои мошингард паҳнкардашуда оташ мегирад.
Ҳамчунин аз шарораи гулхан, беэҳтиётона даргиронидани гӯгирдчӯб, шамъ, боқимондаи сигор ва ғайраҳо сӯхтор ба амал меояд. Бинобар ин, дар наздикии хирманҳо ва ҷойи нигоҳдории пахта оташ афрӯхтан қатъиян манъ аст.
Оташдонҳои хӯрокпазии деҳқонон аз хирманҳо ва нуқтаҳои қабули пахта бояд зиёда аз 100 метр дур бошад. Пахтаи дар мошин ва ё трактор боркардашударо бо брезент пӯшонидан ба мақсад мувофиқ аст. Ҳама гуна техникаҳое, ки барои ҷамъоварӣ ва кашонидани ҳосили пахта сафарбар шудаанд, бояд бо оташхомӯшкунакҳои тамғаи ОП – 5 ва бел таъмин бошанд.
Оташхомӯшкунак дар қисми пеши бордони нақлиёт, бел дар зери бордон аз тарафи ҷойи нишасти ронанда маҳкам карда мешавад. Дар роҳҳои мошингард хушконидани пахта, инчунин аз болои пахта гузаштани мошинҳо мумкин нест, зеро боиси ба амал омадани сӯхтор мегардад. Майдончаи пахтахушккунӣ дар хирман бояд мумпӯш (асфалтпӯш) ё бо лой ба ғафсии 5 см. андова карда шуда бошад.
Истгоҳи тракторҳо, автомобилҳо, мошинҳои пахтачинӣ, ҷойи таъмир-кунӣ, равғанмолӣ ва сӯзишворипуркунӣ бояд аз хирман на камтар аз 100 метр дур ҷойгир бошанд. Дар саҳро мошини пахтачинӣ ва ё дигар техникаи бордонаш пур аз пахтаро шабона мондан манъ аст. Ҳангоми дар бордони мошинҳои пахтачинӣ ва ё пахтакашон оташ гирифтани пахта онро дарҳол дар ҷойи бехавф холӣ карда, чораҳои хомӯш намудани сӯхторро фавран андешидан зарур аст.
Дар хирману нуқтаҳо ва корхонаҳои пахтақабулкунӣ аз байни коргарону деҳқонон дастаҳои идоравии оташнишонӣ ташкил намуда, ба онҳо тарзи пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхторро омӯзонидан лозим аст.
Умуман, хирманҳо бояд дар наздикии ҷӯйҳо ва ҳавзҳои обдошта ҷойгир шуда, бо воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторнишонӣ, мотопомпаи обкашии зиддисӯхторӣ, дастурамали махсус ва нишонаҳои зиддисӯхторӣ таъмин бошанд. Инчунин онҳо 150 метр дур аз хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ бояд қарор дошта бошанд. Мошину тракторҳо ва мошинҳои пахтачиниро низ 100 метр аз хирманҳо дур нигоҳ бояд дошт. Дар ҷойҳои пахтағарамкунӣ афрӯхтани гулхан ва кашидани тамоку қатъиян манъ аст. Дар корхонаҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо дар он ҷойҳое, ки дар масофаи то 150 метр гидрантҳои оташнишонӣ мавҷуд нест, ҳавзҳои об ташкил намудан зарур аст. Агар дар ҳамин масофа дарё ё ҷӯйи об бошад, ба назди онҳо роҳ гузоштану пирс сохтан лозим аст.
Корхонаҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои қабули пахта ва хирманҳо бояд барои хомӯш намудани сӯхтор бо насосҳои обдиҳӣ, мотопомпаҳо, рӯдаҳои резинӣ ва милҳо таъмин бошанд.
Инчунин корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабули пахта ҳатман бо автомобилҳои оташнишонӣ бояд таъмин бошанд. Мақсад аз ин чорабиниҳо пешгирии сӯхтори пахта аст, то сарвати асосии кишоварзии кишварро аз коми оташ ҳифз намоем. Беҳуда намегӯянд, ки пешгирии сӯхтор аз хомӯш намудани он осонтару арзонтар мебошад.
Нозимҷон ИБРОҲИМЗОДА, сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хизмати дохилӣ