Ҳифзи Ватан — қарзи шаҳрвандӣ

№24 (3504) 23.02.2016

23 ффффНақши комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар такмилу тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон калон аст. Ба ин хотир, дар арафаи  Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ғончӣ, полковник Зиннатшо Шарифов суҳбат оростем, ки муҳтавои онро пешкаш менамоем.

- Комиссариати ҳарбии ноҳияи  Ғончӣ тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, баҳри пурра намудани сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби ҷавонон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ мондааст, — гуфт Шарифов Зиннатшо ва суханашро идома дод:

- Зимнан, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононе сафарбар карда мешаванд, ки дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ бошанд. Маҳз бурдани корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба мо имкон дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2015 — ро дар даҳрӯзаи сеюми моҳи октябр иҷро намоем. Дар таъмини нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ саҳми ҷамоатҳои деҳоти «Яхтан», «Муҷун», «Ваҳдат» хеле калон аст. Қобили зикр аст, ки дар муқоиса ба солҳои пеш шумораи ихтиёриён ба хизмати аскарӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Хусусан, дар ин самт Ҷамоати деҳоти «Яхтан» пешсаф аст ва нақшаи таъмини даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ ҳамеша барзиёд иҷро мекунад, чунки ин ҷо зодгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ӯрунбек Ёқубов аст. Дар маркази деҳот нимпайкараи ин марди қаҳрамон гузошта шудааст ва даъватшавандагон пеш аз сафарбаршавӣ ба хизмат ба пояи нимпайкара гул гузошта, ваъда медиҳанд, ки давомдиҳандаи кору пайкори ин марди шариф, ки барои аз дасти фашистони Олмон озод кардани Ватан ҷони худро нисор кардааст, хоҳанд шуд.

Деҳоти «Ростровут», ки дар таъмини нақшаи даъватшавандагон солҳои пеш ба мушкилот мувоҷеҳ буд, имсол нақшаро сари вақт иҷро кард. Яъне, муносибати мардум, хоса ҷавонон, ба хизмати ҳарбӣ ба таври мусбат дигар шудааст.

Имрӯз дар қисмҳои ҳарбии гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар фиристодаи ноҳияи Ғончӣ дар қатори дигар фарзандони бонангу номуси шаҳру навоҳии кишвар сарбаландона хизмат карда истодаанд.

Робита бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, масъалаи тарбияи ҳарбию ватандӯстии онҳо низ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Комиссариати ҳарбии ноҳия ба таври дилхоҳ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар давоми сол на кам аз ду маротиба, дар қисмҳои низомии ноҳия рӯзи «Дарҳои кушод» гузаронида мешавад. Волидайни наваскарон ва хонандагони синфҳои болоӣ бо шароити хизмат ва зисти сарбозон аз наздик ошно шуда, бо афсарону хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ мулоқоту суҳбатҳо доир менамоянд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»