Ихтиёриён ба қисмҳои ҳарбии интихобнамуда фиристода мешаванд

№122 (3916) 09.10.2018

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти №1095 аз 28 августи соли 2018 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991 — 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 октябри соли равон сафарбаркунии ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ бомуваффақият идома дорад.

DSC00515- Комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ полковник Давлатшо Мирзозода гуфт, ки рӯзи аввали гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дар майдони назди Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф, қисмҳои низомии дар ноҳиябуда, падару модарони даъватшавандаҳо иштирок доштанд.

- Солҳои охир шумораи хоҳишмандон барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ афзуда истодааст, — гуфт Давлатшоҳ Мирзозода. — Зеро кормандону хизматчиёни Комиссариати ҳарбӣ барои ба даъват омода намудани ҷавонони то синни даъватӣ дар деҳот мунтазам корҳои ташвиқотию тарғиботӣ мегузаронанд. Якҷо бо ҷавонон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, онҳоро бо вазъу шароити хизмат ошно мекунанд, ки ин боиси дилгармии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мегардад. Онҳое, ки ихтиёран ба Комиссариати ҳарбӣ муроҷиат мекунанд, ба қисми ҳарбии интихобнамудаашон фиристода мешаванд. Ин ҳама боис гашт, ки айни замон ноҳияи Рӯдакӣ дар миёни шаҳру навоҳии тобеи марказ аз ҷиҳати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пешсаф мебошад.

М. ЗОКИР, «Садои мардум»

******

Чанде пеш дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бахшида ба оғози даъвати ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

IMG-253365ae306a3107284dbe0b88d70c20-VДар оғоз ҳамчун рамзи эҳтиром ва ватандӯстию хештаншиносии наваскарон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати наваскарон аз тарафи муовини комиссари ҳарбии вилоят подполковник Муҳиддин Шарифзода қироат гардид.

Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ наваскарон ва падару модарони онҳоро бо «Рӯзи даъватшаванда» табрик гуфта, қайд намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки мактаби мардонагист, аз ҷавонон масъулияти баландро талаб менамояд. Ӯ зикр кард, ки аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят беш аз ҳазор нафар ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шуданд.

Дар фарҷом аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»