Ихтиёриён ба сафи артиш пайвастанд

№ 12.05.2023

БОХТАРАз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав 120 донишҷӯ ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд. Тавре котиби матбуотии донишгоҳ Комрони Бахтиёр иттилоъ дод, донишҷӯён пас аз супоридани имтиҳоноти давлатӣ ба хизмат сафарбар шуданд.

- Аз 123 хатмкунандае, ки ба хизмати Модар-Ватан рафтанд, 55 нафар аз факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, 16 — факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ, 16 — факултети техникӣ ва технологӣ, 15 — факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ ва 10 нафар  аз факултети молиявию иқтисодӣ буданд, ки бо хоҳиши хеш пас аз супоридани имтиҳоноти давлатӣ ба хизмат рафтанд, — гуфт Комрони Бахтиёр.

Дар маросими  гусели  хатмкунандагон  ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода, муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Фирдавс Холиқов, муовинони ректор, устодони донишгоҳ ва падару модарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»