Ҳамарӯза шоҳид мешавем, ки мардуми иродатманду муттафиқи Тоҷикистони маҳбуб бо идеяи комили воқеъбинона зиндагӣ ба сар бурда, бо замони муосир ҳамқадаму ҳамрадифанд ва ободкорию созандагиро дар партави сиёсати хирадмандона ва ҳидоятҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият мебахшанд. Махсусан, имрӯз бо фарорасии фасли баҳор, идҳои дар пешистода ва хосатан баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору пайкор ва ҷаҳди сокинони кишварамон бештар маълум мегардад.
Аз ҷумла, сокинони деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбон, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит барои тақвият бахшидани амалҳои созандагию бунёдкорӣ талошҳои самаровар анҷом медиҳанд.
Тибқи анъанаҳои неки аҷдодӣ бо фарорасии фасли баҳор ва айёми Наврӯз дар сарзамини мо давраи киштукор ва дигар корҳои ободонӣ, бунёди боғҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, кӯчаю хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад. Иди баҳор сарчашмаи гаронбаҳои маънавӣ, воситаи муҳими сарҷамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба сӯйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад. Аз ҷумла, сокинони 17 деҳаи деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон дастҷамъона ба ҳашар баромада, 4,5 ҳазор ниҳол шинонданд, ки аз он тақрибан 2000-тоаш арча буда, боқимонда ниҳолҳои мевадиҳанда ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин, дар ҳудуди 276 гектар ғалладона, 266 — ҷав, 84 — пиёз, 27 — сабзӣ, 73 — картошка, 15 — карам ва дар 20 га — хӯроки чорво кишт карда шуд. Деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ дорои 2309 гектар замини обӣ буда, дар 1450 гектари он ҳамасола кишти пахта ба роҳ монда мешавад. Дар 111 га боғ, аз ҷумла панҷ боғи интенсивӣ хуб нашъунамо меёбанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи Тоҷикистон мисоли ҳикматомез ва ибратангезе оварданд, ки тибқи он анҷом додани корҳои хайру савоб, аз ҷумла, ба ягон маҳали аҳолинишин об овардан, мактаб, маркази саломатӣ ё бунгоҳи тиббиеро бунёд ё таъмир кардан, пуле сохтан ё қитъаи роҳеро обод намудан, корҳои ободонӣ ё тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист аз ҷумлаи корҳои бисёр савоб ҳисоб мешавад.
Сокинони деҳот аз ин ҳикмати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ кӯчаю маҳалла ва назди бинои маъмурию хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода намуда, корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинониро анҷом доданд ва ин маърака идома дорад.
То Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳудуди ҷамоат чор иншоот ба истифода дода мешавад. Онҳо аз бунгоҳи тиббӣ, ду мағоза ва як ҷои таъмири мошинҳо иборат аст.
Тоҷикон аз қадимулайём расми хубе доранд, ки дар ҳар иду ҷашн ба хабаргирии куҳансолон, беморон ва аёдати ҳомиёни Ватан мераванд. Роҳбарияти ҷамоати деҳоти мо низ ин иқдомро идома дода, аз ҳоли пиронсолони барҷомондаю бемор ва бекас хабар гирифтанд, ба онҳо кумакҳои заруриро расонданд. Ҳамчунин, бо мақсади рӯҳбаланд кардани фарзандони родмарди худ, дастгирӣ намудани сарбозони ватандӯст бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон занони фаъол, кормандзанони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз қисми ҳарбии Фахробод дидан намуданд. Хулоса, ҳамон тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, барои ба яке аз кишварҳои боз ҳам пешрафта табдил додани Ватани азизамон ҳар кадоми мо бояд саҳми муносиб гузорем. Барои расидан ба ин мақсад, пеш аз ҳама, ҳар яки мо бояд дар ободӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист ва кори худ талош намоем. Ин вазифаи ватандӯстонаю шаҳрвандии ҳамаи мо мебошад, ки хушбахтона, аз ҷониби сокинони деҳотамон амиқ дарк шудааст.
Фарзона СУЛАЙМОНОВА,
сокини деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон