Падар аз саҳар пешайвони хонаро бо тасвирҳои гуногуни диққатҷалбкунанда оро медоду Наргиси хурдакак ба ҷойи бо дугонаҳо ба лӯхтакбозӣ машғул шудан ба расмҳои кашидаи падар менигарист. Баъзан бо бӯри сафед ё бо қалам ба рӯйи тахтаю коғаз бо тахайюлоти кӯдакона расм мекашид.
Сухан дар бораи яке аз рассомони моҳиру чирадаст Наргис Ҳамидова, ки дар санъати тасвирӣ мақоми хоса дораду на танҳо дар ватан, балки берун аз он ном баровардааст, меравад. Наргис соли 1971 дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда, мактаби миёнаи №65-и пойтахтро хатм намудааст. Падари ӯ Ҳамидов Абдуқуддус ҳарчанд ихтисосаш геолог- сейсмолог буд, аммо ба расмкашию наққошӣ дилбастагии зиёд дошт. Аз ин рӯ, мураббии аввалини Наргис падар ҳисоб мешавад. Баъди хатми мактаби миёна бедудилагӣ ҳуҷҷатҳои худро ба Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов супорида, онро соли 1991 бо дипломи аъло хатм намуд. Хост боз ҳам донишу малакаи худро ривоҷ диҳад ва бо ин мақсад ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дохил шуда, шуъбаи мусаввирии дастгоҳиро хатм намуд.
Азму талошҳои ин бонуи ҳунар буд, ки ӯ соли 2001 узви раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, котиби Иттиҳоди ҷавонон ва аз соли 2011 узви Академияи мусаввирии Тоҷикистон шуд.
Наргис аз соли 2002 иштирокчии намоишҳои байналмилалии рассомӣ аст. Тавре ҳамватанон иттилоъ доранд, 11 ноябри соли 2016 намоиши байналмилалии «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, оид ба мақоми санъати тасвирӣ ва саҳми рассомон дар тарғиби фарҳанги миллӣ ибрози ақида карда, таъкид намуданд, ки рассомон қосиди сулҳу дӯстӣ буда, дар мусаввараҳои худ инсонро ба некиву накукорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд. Хурсандибахш аст, ки дар ин намоиши байналмилалӣ мусаввараҳои Наргис низ ба маъраз гузошта шуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки номбурда баробари эҷод аз соли 1991 ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул мебошад.
Наргис Ҳамидова муваффақиятҳои худро самараи дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мегӯяд, ки таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ғамхории бевоситаи Сарвари давлат ба аҳли илм ва санъату фарҳанг мебошад. Наргис Ҳамидова дар донишкадаи мазкур тайи се сол ба ҳайси декани факултети санъати тасвирӣ кор кард. Аз соли 2015 муовини директор оид ба таълим дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов мебошад.
Ин рассоми мониқалам барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳо дар рушди санъати тасвирии тоҷик бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардонида шудааст. Итминони комил дорем, ки ин бонуи ҳунарманд минбаъд низ Тоҷикистони бо ҷону дил баробарро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ хоҳад кард.
Зебуннисо САЪДУЛЛОЕВА,
устоди Донишкадаи
давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн