Чанде пеш Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Америка 92 сомонаи интернетиро ба созмонҳои ҷосусии Ҷумҳурии Исломии Эрон марбут дониста, фаъолияташонро масдуд гардонд. Миёни онҳо сомонаи «Рисолат» (risolattj.com), ки ба забони тоҷикӣ ва бо хати кириллӣ барои аудиторияи Тоҷикистон матлаб нашр мекард, низ қарор гирифта, «зидди манофеи ИМА» унвон шудааст.
Бино ба маълумоти расида, дар сомона илова ба хабару гузоришҳо аз Тоҷикистону ҷаҳон, ки бо шеваи монанд ба расонаҳои расмии Эрон тақдим мешуданд, инчунин, изҳороту муроҷиатҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом низ ба назар мерасид.
То ҳол ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне дар Эрон ва хориҷ аз он дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани сомонаи басташуда маълумот надодааст.