Чунин унвон дошт анҷумане, ки 18-19 июн дар доираи Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд – 2024» дар Театри давлатии мазҳакавӣ- мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ дар баробари намояндагони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ, инчунин, сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Туркия, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Ҷопон, Эрон, Беларус, Туркманистон, Словакия, Лаҳистон, Покистон, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, вилоятҳои Нижегород, Москва, Свердловск, Пенза, Липетск, Челябинск, Воронежи Федератсияи Россия, шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, вилоятҳои Тошканд, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Бухоро, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ низ иштирок намуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»