Иммунизатсияи иловагӣ барои пешгирии бемории фалаҷ

№21 (4283) 16.02.2021

Дувоздаҳуми феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бахшида ба рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Осама Маккави суханронӣ намуданд.

Тавре С. Ализода зикр намуд, иммунизатсия сармоягузорӣ ба солимӣ ва некуаҳволии кӯдакон дар ҳаёт мебошад. Бо шарофати ваксинаҳо қисми зиёди кӯдакон бар зидди бемориҳои фалаҷ, сурхча, баногӯшак, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва гепатити В таъсирнопазир мебошанд.

- Мақсади асосии Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсия, ба даст овардани сатҳи баланди фарогирии кӯдакон бо иммунизатсия, беҳтар намудани истифодабарии ваксинаҳои мавҷудбуда ва ворид намудани ваксинаҳои нав мебошад. Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб рафта, пешгирии онҳо бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон аст. Инчунин, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ ба воситаи иммунизатсия паст карда мешавад ва нест кардани баъзе аз онҳо ба нақша гирифта шудааст, — афзуд муовини вазир.

Зикр шуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 — 20 феврали соли равон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кӯдакони синну соли таваллудашон аз 1 январи соли 2016 то 31 январи соли 2018 бо истифода аз ваксинаи ғайрифаъолкардашудаи зидди бемории фалаҷ гузаронида мешавад. Фалаҷ (полиомелит) бемории шадиди сироятӣ буда, ба он  осеб дидани майнаи сар хос мебошад. Барангезандаи он полиовирус аст, ки ҳангоми сироятёбӣ ба фалаҷшавӣ оварда мерасонад ва ба он бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Роҳҳои гузариши он фазлавӣ — даҳонӣ буда, ҳангоми бо дасти ношуста истеъмол намудани хӯрок, вирус аз тариқи даҳон ба организми кӯдак дохил мешавад ва дар рӯдаҳо афзоиш ёфта, баъдан ба системаи асаб таъсир намуда, дар муддати кӯтоҳ сабаби пайдошавии фалаҷ мегардад.

Баҳри баргузории чорабинии иммунизатсия 2110 бригадаи иммунизатсионӣ ташкил карда мешавад, ки он рӯзҳо дар муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои фаро гирифтани гурӯҳҳои мақсаднок ба иммунизатсия фаъолият мекунанд, — гуфт С. Ализода.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»