Фаъолияти Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли соли 2013 дар ҷаласаи васеи Президиуми кумитаи мазкур ҷамъбаст гардид. Тавре дар маърӯзаи раиси иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. А. Қаҳоров зикр гардид, тӯли соли 2013 баҳри иҷрои вазифаҳои ба зимадошта корҳои назаррас анҷом дода шуд. Мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо Дадо Абдусабурович Қаҳоров чунин сурат гирифт.
-Муҳтарам Д. Қаҳоров дар ҷомеаи имрӯзаи мо иттифоқҳои касаба чӣ мақом доранд?
-Иттифоқҳои касаба ҳамеша ҳимоягари ҳуқуқу манфиатҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа буд ва мемонад. Дар замони истиқлолияти кишвар фаъолияти иттифоқҳои касаба сол ба сол беҳтару пурсамар мегардад. Кумитаи мо яке аз бахшҳои асосии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мебошад, ки дар сафҳои худ 53949 нафар аъзо дорад. Ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон, андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани некуаҳволии аъзои соҳа,баланд бардоштани самаранокии системаи шарикии иҷтимоӣ ҳамчун василаи танзимсозӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо ва иттифоқи касаба оиди ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва манфиатҳои меҳнаткашон, мустаҳкам гардонидани базаи моддӣ-техникӣ ва ташкили молиявӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза барои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии ташкилоти мо ба ҳисоб меравад.
-Дар ин замина соли гузашта кадом корҳо анҷом дода шуд?
- Давоми сол ду пленум ва чор ҷаласаи президиум доир гардид, ки дар онҳо зиёда аз 35 масъалаи гуногун, ки бевосита аз вазифаҳои оинномавӣ бармеоянд, баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Инчунин бахшида ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, ҳуҷҷатнигорӣ ва риояи талаботи «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ се маротиба семинари ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.
Тайи ду соли охир диққати кормандони масъули дастгоҳ ва сохторҳои он барои иҷрои қарори Анҷумани XVIII иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, нисбати эҳёи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва зиёд намудани сафи аъзо равона шуда буд. Дар натиҷа давоми ин муддат дар миқёси ҷумҳурӣ 34 ташкилоти ибтидоӣ созмон ёфта, аъзои беш аз 4000 нафар афзоиш ёфт.
-Тавре маълум аст, иттифоқи касабаи соҳавӣ, дар баробари ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ба ташкили фароғату истироҳати фарзандони онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар ин самт чӣ тадбирҳо андешида шуд?
- Мавсими тобистони соли 2013 дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Дар ин давра 1085 нафар кӯдакону наврасони аъзои соҳа дар лагерҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабӣ фароғат кардаву саломатиашонро барқарор намуданд, ки ба ин мақсад 381108 сомонӣ маблағ харҷ карда шуд. Инчунин дар 6 лагери наздимактабӣ, 8 лагери беруназшаҳрӣ 721 нафар кӯдак ва наврасон ба табобату фароғат ҷалб карда шуданд, ки онҳо асосан ятиму бепарастор аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакони дорои қобилияти фавқулодда буданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҷамъбасти якчанд соли охир осоишгоҳи «Алишер», воқеъ дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, беҳтарин дониста шуд. Талаботи падару модарон ва хоҳишмандон барои пайдо карданаи роҳхат ба ин осоишгоҳ зиёд аст. Кормандони Кумитаи марказӣ ва ташкилотҳои дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъолияткунанда ба он низ мусоидат карданд, ки айёми таътили тобистона дар назди мактабҳо осоишгоҳҳо ташкил карда шавад. Соли гузашта дар осоишгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрии кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавии ВМКБ 117 нафар, вилояти Хатлон 61 нафар ва вилояти Суғд 186 нафар,ҷамъ 364 нафар кӯдакону наврасон таътили худро хушу боманфиат гузарониданд.
-Оё ин тадбирҳо кифоякунандаанд ва магар масоили ҳалталаб мавҷуд набуд?
-Мутаассифона, зикр кардан зарур аст, ки дар кори ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони соҳа дар соли 2013 баъзе камбудию норасоиҳо низ ҷой доштанд. Ҳаҷми маблағҷудокунӣ барои ташкили истироҳат ва солимгардонии кӯдакон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ (ба ғайр аз ноҳияи Ҳисор, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон , Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба талабот мувофиқат накард. Ҳамчунин ҷалби мададгорон (спонсорҳо) дида нашуд.
На дар ҳамаи осоишгоҳҳо чорабиниҳои варзишӣ, мусобиқаҳои шавқовар гузаронида шуданд. Дар баъзе осоишгоҳҳо барои инкишофи фаъолияти бадеӣ ва техникии кӯдакону наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда нашудааст.
-Дар ҳаққи аъзои иттифоқи касаба боз чӣ гуна ғамхориҳо зоҳир мегардад?
-Ташкили табобати санаторӣ-курортӣ, ҳифзи саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо машғулияти ҳамешагии кумитаи соҳавӣ мебошад. Дар соли сипаришуда ба 647 нафар аъзои соҳа барои табобат ва истироҳат ба санатория ва осоишгоҳҳои «Хоҷа-Оби Гарм», «Зумрад», «Шоҳамбарӣ», «Ӯротеппа», «Хаватоғ», «Оби Гарм», «Оби Шифо», «Сангчашма», «Баҳористон» роҳхатҳо дода шуд. Инчунин барои фаъолони иттифоқи касаба якчанд маротиба ба гӯшаҳои зебоманзари диёрамон сайру сайёҳатҳо ташкил карда шуд. Дар ин замина КМ иттифоқи касабаи соҳавӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии собиқадорон, иштирокчиёни ҶБВ, меҳнаткашони ақибгоҳи солҳои ҷанг ва оилаҳои ҷанговарони фавтида ҳамеша ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ба муносибати 68- солагии Ғалаба дар ҶБВ аз буҷети кумитаи иттифоқи касабаи соҳавӣ ба 20 нафар иштирокчиёни ҶБВ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарон ва ашхоси ба онҳо баробар, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни садамаи Неругоҳи барқи атомии «Чернобыл», кӯмакҳои молӣ ва пулӣ расонида шуд.
-Бо ташкилотҳои иттифоқи касабаи давлатҳои хориҷӣ низ ҳамкорӣ доред?
-Солҳои охир муносибат ва равобиту ҳамкории мо бо собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи дигар густариш ёфтааст. Моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия семинар-машварат таҳти унвони «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи баланд бардоштани ихтисоси касабавӣ байни собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Балтика» шуда гузашт, ки дар кори он иштирок кардем. Семинари байналмилалӣ муддати даҳ рӯз дар Донишкадаи ҳаракатҳои иттифоқи касабаи Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии пойтахти Федератсияи Россия идома ёфт.
Моҳи май дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи сайёри Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалии кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятӣ, ки аъзои Шӯрои Федератсияи байналмилалӣ ҳастанд, доир гардид ва дар он низ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Бамаврид аст зикр намоям, ки барои фаъолияти пурмаҳсул Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дуюм беҳтарин ҳисобида, бо «Диплом»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи байналмилалии кормандони муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонии ҷамъиятӣ қадрдонӣ карда шуд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»