Имрӯзу фардои Ҳоит

№8 (4270) 21.01.2021

Имруза фардои хоитҲоит дар Раштонзамин ҷойгир буда, бо табиати бою рангин шуҳрат дорад. Ба гуфти маъданшиносон, кӯҳҳои ин диёр аз канданиҳои фоиданок бой буда, танҳо дар дараи Пиёзӣ 24 намуди он муайян шудааст. 

Ҳоит дар гузаштаи начандон дур яке аз ноҳияҳои калонтарини Раштон ба шумор мерафт. Аммо заминларзаи соли 1949 ноҳияро хароб кард ва мардуми аз офати табиӣ наҷотёфта ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ кӯч бастанд.

Баъд аз гузаштани солҳо бо талоши қисме аз зодагони Ҳоит ва дастгирии Ҳукумати кишвар Ҳоит  эҳё гардид. Соли 1983 ҷамоати деҳоти «Ҳоит» таъсис ёфт, ки хоҷагиҳои давлатии «Ҳоит», «Ясман», ба номи Ҳасан Манонов ва Қ. Эмаҳмадов тобеи он буданд.

Баъд аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Ҳоит» (соли 2002) созандагию бунёдкорӣ авҷ гирифт. Соли 2004 аз ҳисоби кам кардани ҳудуди деҳоти «Ҳоит» деҳоти «Ясман» ташкил шуд. Айни ҳол дар ҳудуди ду деҳот беш аз 11 муассисаи таълимӣ, беморхонаи минтақавӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият доранд. Шумораи аҳолӣ низ рӯ ба афзоиш аст. Агар шумо меҳмони мардуми Ҳоит шавед, пеш аз ҳама, онҳо бинои соҳили дарёи Оби Кабудро нишон дода, бо ифтихор мегӯянд, ки «Пешвои миллат соли 2002 ба Ҳоит омаданду шаб меҳмони мо буданд. Пайи қадами мубораки Пешвост, ки дар муҳлати кӯтоҳ Ҳоит рӯ ба ободӣ овард…».

- Сокинони заҳматқарини деҳоти «Ҳоит» дар ободии диёр талош доранд. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо неру мебахшад,- гуфт раиси ҷамоати деҳоти Ҳоит Додарбек Аббосзода.

Дар ҳудуди деҳот сохтмони иншооти гуногун идома доранд. Аз ҷумла, дар атрофи муҷассамаи «Модар», ки ба хотири гиромидошт аз қурбониёни заминларзаи соли 1949 гузошта шудааст, боғи замонавӣ бунёд гардид.

Кӯчаҳои маркази деҳот бо маблағи 54 ҳазор сомонӣ чароғон гардида, толори варзишӣ дорухона ва нуқтаи шустушӯи мошин мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Дар Ҳоит барои бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ  ҷойҳои ҷавобгӯ ба талабот зиёданд.

Неругоҳи барқии обии «Тутак», ки соли 2013 ба истифода дода шуд, бо иқтидори 586 кВт/соат фаъолият дошта, аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои деҳотро бо барқ таъмин менамояд.

Аҳолии деҳаҳои Ҳоит-1, Ҳоит-2, Беги сиёҳ, Ярхичи қалъа, Ярхичи миёна ва Ярхичи боло аз он қаноатманду хушҳоланд, ки дар ҳама фасли сол бо барқ  таъмин мебошанд.

Тибқи нақша, дар мавзеи Қароқушхонаи деҳот боз як неругоҳи барқи обӣ  бояд сохта шавад. Ба шарофати он деҳоти «Ясман» ва қисмате аз аҳолии ноҳияи Тоҷикобод бо неруи барқ таъмин мегарданд. Лоиҳаи мазкур дар доираи «Барномаи дарозмуддати сохт­мони силсилаи неругоҳҳои хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2010-2020» ба нақша гирифта шудааст.

Шуғли асосии мардуми Ҳоит кишоварзӣ аст. Соли гузашта картошкапарварон дар масоҳати 240 гектар картошка кишт намуда, аз як гектар 400-500 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.

- Ҳосили баланд ба сифати тухмӣ вобаста аст, — гуфт ҳамсуҳбатам. Дар оғози фасли баҳор раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ тухмии хушсифатро, ки аз Федератсияи Россия ворид шуда буд, ҷудо намуд.

Тухмӣ, дар баробари босифат будан, ба иқлими ноҳия ҷавобгӯ аст. Биноан, барои соли оянда аз ҳамин ҳосил тухмӣ ҷудо намудем, — гуфт дар хотимаи суҳбат Додарбек Аббосзода.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»