Имсол НБО «Себзор» ба кор медарояд

№34 (4774) 15.03.2024

Таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ даъвати шашум доир шуд, ки дар он дар баробари дигар масоили муҳим иҷрои нақша ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншооти моликияти коммуналии ВМКБ дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мирзонабот Алишер дар робита ба масъала зикр кард, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят бунёди 92 корхонаи саноатӣ бо фарогирии 1437 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шуда, барои бунёди бомароми иншооти стратегии вилоят — Неругоҳи барқи обии «Себзор» ҳоло 400 нафар коргар зарур аст.

Тавре иттилоъ дода шуд, новобаста аз фасли сармо ва рӯзҳои хунуки аввалҳои фасли баҳор, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ҷараён дошта, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2024 агрегати якуми НБО «Себзор» мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Инчунин, дар ноҳияи Мурғоб дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони неругоҳҳои барқии офтобию бодӣ босуръат идома дош­та, дар радифи бунёди коргоҳу корхонаҳо дар соҳаи нақлиёт амалигардонии се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ — сохтмони роҳи Қалъаихумб — Ванҷ, пули мошингузари мавзеи «Дашти Поён»-и шаҳри Хоруғ, қитъаи роҳи автомобилгарди мавзеи Барсем ва як адад пул аз ҷумлаи иншооти дигари сохташаванда мебошанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»