гуфт дар суҳбат ба хабарнигори минтақавиамон ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Абдулло Ҳабибулло
- Нимаи аввали моҳи августи соли гузашта мо бо шумо дар хусуси дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба истиқбол гирифтани 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамсуҳбат шуда будем. Баъди ин суҳбат дуюми сентябр таҳти рақами 565 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб» ба тасвиб расид. Ҷашни донишгоҳ якуми сентябр дар «Рӯзи дониш» дар назар дошта шудааст. Аз ин лиҳоз, суҳбати мо сари як соли омодагиҳо ба ин ҷашн сурат мегирад.
-Аслан омодагӣ ба ин ҷашн, тақрибан се сол қабл бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ шурӯъ гардида буд. Мо — устодону шогирдони донишгоҳ барои расидан ба қуллаи мақсаду ормонҳои худ дар навбати аввал аз сиёсати дурандешона, ғамхориҳои ҳамешагӣ ва илму маърифатпарварии бемисли Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо сипосгузорем, зеро ин мақсади неки мо сари вақт аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар дастгирию ҷонибдорӣ пайдо намуд.
Президенти кишвар зимни ташрифашон ба шаҳри Кӯлоб, тирамоҳи соли 2012, дар мулоқот бо фаъолони вилоят, бахусус бо муаллими замони мактабиашон Кӯган Изатуллоев, ки собиқадори донишгоҳ маҳсуб меёбад, барои бунёди як бинои замонавӣ иқдом гирифта буданд. Баъди ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо корҳои омодагӣ пурра шаклу ранги дигар гирифт. Тӯли як сол дар доираи ин чорабиниҳо он қадар амалҳое ба анҷом расонида шуданд, ки сабаби ба куллӣ тағйир ёфтани симои зоҳирии донишгоҳ гардид.
Як соли омодагиҳо донишгоҳро дар назарҳо хеле зебову ҷавонтар ва диданибоб намуд. Туҳфаи ҷашнии Сарвари давлат ба донишгоҳи мо маҳз ҳамин бинои ҳафтошёнаи маъмурию таълимист, ки алҳол сохтмонаш дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Имрӯз бинои мазкур ба шаҳри куҳанбунёдамон воқеан ҳам ҳусни дигар зам намудааст.
- Вобаста ба ҳашари эълоншуда мо чаҳор қисмати ин шаҳри зеборо тамошо кардем ва аз ҳамин чор гӯша бинои бунёдёфтаи донишгоҳ ба чашм хуб намоён аст…
- Дар робита ба ин масъала ёдовар шуданиам, ки Раёсати донишгоҳ баъд аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша — чорабиниеро иборат аз 27 банд таҳия ва тасдиқ карда буд ва хушбахтона, то ба ҳамин лаҳза ҳамаи бандҳои он иҷро шуданд. Вобаста ба бандҳои 7, 8, 9, 10, 19 ва 20-и нақшаи мазкур, ки масъалаҳои таъмиру сохтмон ва бунёду азнавсозиҳоро дар бар мегиранд, як қатор амалҳо, ба амсоли бунёди ошхонаи замонавии дуошёна, таъмири толори фарҳангӣ ва бунёди толори хурд дар шафати он, азнавсозии бинои варзишии «Ҷасорат», боғи фароғатии «Дониш», бунёди фаввораҳо, иваз намудани тирезаҳои тамоми биноҳои таълимӣ, таҷҳизонидани майдончаи варзишии тобистона, таъмири толори Шӯрои олимон, таъсиси Маркази омӯзиши забонҳо, сохтани ҳашт синфхона дар бинои рақами 2, синфхонаи компютерӣ дар факултети филологияи хориҷӣ, утоқи лингофонӣ дар факултети филологияи рус, толори маҷлисгоҳ барои 120 ҷой дар факултети таърих, азнавсозӣ ва бунёди якчанд коттеҷҳои нав дар лагери истироҳатӣ — фароғатии «Истиқлол», воқеъ дар ноҳияи Муъминобод, сехҳои дӯзандагӣ, харротӣ ва оҳан дар «Парки технологӣ», таъмири замонавии хобгоҳи донишҷӯён ва ба хатти озоди барқ пайваст кардани он, таъмиру таҷҳизонидани ошхонаи «Донишҷӯ» барои 120 ҷой, ҷиҳозонидани биноҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ ва назоратӣ, хуллас, боз даҳҳо амалҳои неки дигар ба анҷом расонида шуданд.
Муҳимтарин банди нақшаи мазкур ин банди 11-и он маҳсуб меёбад, ки вобаста ба ин банд таҳияи «Энсиклопедияи донишгоҳ» ё худ «Донишнома» дар назар дошта шудааст. Ҳоло нусхаи шартии он дар дасти ман қарор дорад ва он рӯзҳои наздик баъди тағйиру иловаҳо рӯи чоп хоҳад омад. Банди дигари нақша ин таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, илмӣ, монографияҳо ва мақолаҳоро дар бар мегирад, ки теъдоди зиёди онҳо омодаи чоп ҳастанд.
Дар ин муддат дар доираи нақшаи мазкур як қатор чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ баргузор карда шуданд, ки аз ин ҳисоб осорхонаи донишгоҳ бо нигораҳои зиёд, ба мисли гулдӯзиҳо, суратҳои солҳои гуногуни устодону донишҷӯён ва китобу рӯзномаҳои солҳои пешин ғанӣ гардид. Ин амал минбаъд низ идома меёбад. Дар ин самт аз рӯи ҳуҷҷатҳои таърихию энсиклопедӣ банаворгирии як филми мустанад, ки дорои тарҷумаи русию англисист, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
- Нуфузи ҳама гуна муассисаи таълимӣ, дар навбати аввал, аз сатҳи таваҷҷуҳ ба илм ва чигунагии ҳолати таълиму тарбия дар он муайян мегардад. Бигӯед, ки силсилаи тадбиру чорабиниҳои ба ин маъракаи муҳим бахшидашуда то кадом андоза таъсири хешро ба ин самти муҳим расонида тавонист?
- Таъсири тадбирҳои дар ин самт андешидашуда равшану баръалост. Бо мақсади пешрав гардидани ин самти тақдирсоз мо, дар навбати аввал, масъалаи кадриро, ки дар донишгоҳ мушкилоти рақами як маҳсуб меёфт, мавриди омӯзишу ҳал қарор додем. Маҳз дар ҳамин давра имкон фароҳам омад, ки бо як гурӯҳ омӯзгорони камсамар, ки солҳои гуногун бо ҳар гуна роҳу восита ба донишгоҳ роҳ ёфта буданд, хайрухуш намоем. Барои ҷалби кадрҳои шоиставу варзидаи омӯзгорӣ тавассути Шӯрои олимон озмун эълон карда шуд. Дар озмун 20 нафар хоҳишмандон барои ишғоли вазифаҳои озоди муаллими калон, профессор ва дотсенти кафедра ширкат варзиданд. Хоҳишмандони беҳтарин тавассути санҷиш ва овоздиҳии пинҳонӣ ба кор пазируфта шуданд.
Дар ин давра шаш нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадии худро дифоъ карда, ҳафт нафар рисолаҳои докторӣ ва 15 нафар рисолаҳои номзадиашонро барои ҳимоя омода намуданд. Алҳол дар донишгоҳ шуъбаи аспирантура фаъолият мекунад, ки дар он 33 нафар аспирантҳо ба корҳои илмӣ машғул мебошанд. Раёсати донишгоҳ нисбат ба аспирантҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, вобаста ба талаботи рӯз маблағи стипендияи онҳоро афзун кард. Ҳамзамон ба нафароне, ки дар аспирантураҳои дигар донишгоҳҳои кишвар машғули таълиманд, дар асоси шартномаи дуҷониба моҳе 400 сомонӣ кумак карда мешавад.
Воқеан, дар ин давра бо мақсади хубтар истиқбол гирифтани ҷашни 70-солагии донишгоҳ ва дар ин замина боло бурдани савияи дониши устодону шогирдон сифати озмунҳои амалкунанда то андозае беҳтар ва шумораи онҳо афзуд. Озмунҳои «Кафедраи беҳтарин», «Олими сол», «Муаллими сол», «Корманди беҳтарин», «Шуъбаи беҳтарин», «Донишҷӯйи сол», «Варзишгари сол» дар сатҳи хеле баланд гузаронида шуданд.
Кормандони ҳафтаномаи «Анвори дониш» тӯли як соли охир бисёр пуркору сертараддуд буданд. Қариб тамоми саҳифаҳои имрӯзаи ин ҳафтаномаи хонданбобро хабару мақолаҳое ташкил медиҳанд, ки марбут ба таърихи 70-солаи донишгоҳанд. Муаллифони ин мақолаҳои ҷашнӣ худи устодону донишҷӯёнанд, ки нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлобро аз соли 1945 то соли 2015 рӯи сафҳа меоваранд.
Дар баробари тадбиру амалҳои зикршуда, вобаста ба ин ҷашн як қатор вохӯриҳои хотирмонро бо ашхоси муътабари вилояту ҷумҳурӣ, ходимони фарҳанг, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хатмкунандагони собиқ ва меҳмонони дуру наздик баргузор намудем.Чунончӣ, моҳи гузашта дар толори фарҳангии донишгоҳ вохӯрии олимон ва омӯзгоронамон бо ҳайати расмии вилояти Ҳамадони Эрон, ки гурӯҳи мазкурро Муҳаммад Носири Некбахт сарварӣ мекард, вохӯрӣ баргузор шуд. Номбурда аз натиҷаи сафари гурӯҳ ба шаҳри бостонии Кӯлоб ва аз вохӯрӣ бо устодони донишгоҳ изҳори қаноатмандию хушҳолӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки дар бинои нави донишгоҳ бо номи «Утоқи Эрон» ҳуҷраи омӯзишӣ таъсис медиҳанд ва онро бо таҷҳизоти муосир таъмин менамоянд.
- Нақши занҳо дар рушди таълиму тарбия дар донишгоҳ дар кадом вазъ қарор дорад?
- Имрӯз нақши бонувон дар такомули кори таълиму тарбия воқеан ҳам назаррас аст. Бонувон Муҳаббат Иззатова, Кенҷамо Маҷидова, Шарофат Худойдодова, Ниёзбӣ Давлатова, Савронбӣ Раҳимова, Ҷамила Юлдошева, Зайналбӣ Холиқова, Фирӯза Файзуллоева, Одинамоҳ Шарифова, Комила Асоева ва боз чанде дигарон туфайли амалу сифатҳои неки худ дар миёни устодону шогирдони донишгоҳ соҳиби обрӯю эҳтиром гаштаанд. Айни ҳол аз миёни ин олимаҳо М. Иззатова ва К. Маҷидова дар арафаи ҳимояи рисолаҳои доктории худ қарор доранд. Ш. Худойдодова вазифаи ноибии ректорро оид ба кори тарбия иҷро мекунад.
Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он олимаҳои мо — Шарофат Худойдодова ва Фирӯза Файзуллоева бо маърӯзаҳои илмии худ суханронӣ намуданд. Ш. Худойдодова барои маърӯзаи беҳтарин ва Ф. Файзуллоева барои саҳмаш дар баланд бардоштани манзалати зан дар ҷомеа аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» қадрдонӣ карда шуданд.
- Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»