Ин Ватанро дӯст аз ҳарвақта медорем мо…

№106 (4368) 24.08.2021

Мардуми шарифи Тоҷикис­тон дар остонаи ҷашнгирии 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. 30 соли афтодану бархостан, иштибоҳу ислоҳ, талошу ҷаҳд, гузаштан аз садҳо монеаи сунъию табиӣ, муколамаю муборизаҳо бо бадхоҳони миллату давлат. Хулоса, роҳе ниҳоят ноҳамвору душворгузар ва расидан ба қуллаи мақсуд. Вале ба ҳар ҳолат дар ин саргаҳ имкон пайдо гардид, ки миллат то ҷое тавонист нафаси осуда кашад ва роҳи ҳаёти созандаро бо неруи тоза пеш бигирад.

Ногуфта намонад, ки дар ин фурсату роҳи тайнамуда соҳибистиқлолие, ки ибтидо ба мо, тоҷикон хеле саҳлу сода насиб гардид, арзиши гарон касб намуд. Дар роҳи ҳифзи истиқлолият ва ҳувияти миллӣ теъдоди зиёди ҷавонмардони ватандӯсту шуҷоъ ҷони ҷавонро баҳри тантанаи сулҳу субот дар мамлакат қурбон намуданд, ки фаромӯш накардану арҷгузорӣ ба онҳо қарзу вазифаи ҳар инсони солимфикр мебошад.

Бо вуҷуди дар шароиту имконоти мураккаб қарор доштан, мардуми шарифи кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Дар муддати начандон зиёд дар ҳама соҳа ба пешрафт ноил гардидем.

Муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии мамлакат таъмини амнияти миллӣ, пойдории сулҳу субот, таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ки заминаи мусоид барои ҳалли дигар масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбанд.

Бо шарофати ба даст овардани соҳибистиқлолӣ самтҳои асосии пешрафти мамлакат ба сӯи ҷомеаи демократӣ ва дунявию ҳуқуқбунёд муайян ва давлати мустақил бунёд шуд. Эътирофи давлати навини тоҷикон боис ба он гардид, ки халқи ҷаҳон аз мавҷудияти ин миллати куҳанбунёд ва дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳмгузор огаҳии бештар пайдо намояд.

Зимнан, дар ҳамин шабу рӯз вазъияти сиёсӣ дар ҳамсоякишвар — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон якбора ташвишовар гардида, ки моро бетараф гузошта наметавонад. Душманону хоинони миллати тоҷик аз гул — гулшукуфии кишвар ба танг омада, дар дил ниятҳои бад мепарваранд. Мутмаинем, ки тоҷику тоҷикис­тониён ба осеб дидани сулҳу субот роҳ намедиҳанд ва дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, марзу буми кишвар устуворанд. Фурсате фаро расида, ки Ватанро бештару самимитар дӯст дорем, чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳтиёт намоем ва ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонем:

Ин Ватанро дӯст аз ҳарвақта медорем мо,

Меҳри онро дар дилу дар дида мекорем мо.

МАҲМАДЗОДА Хуршед Бобохон,

ҒУЛОМ Бегиҷон Зариф,

муовинони раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе