Дар маркази ноҳияи Шаҳринав бинои Қасри ҷавонон ва филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо тарҳи замонавӣ сохта мешавад. Иншооти мазкур дар доираи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2007-2015» бунёд хоҳад гардид.
Бунёди филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» моҳи декабри соли 2014 оғоз шуда, корҳои сохтмониро Ташкилоти ҷамъиятии «Обшорон»-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба уҳда дорад. Бино ба иттилои мутахассисони ташкилоти мазкур, то имрӯз 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Бино дуошёна буда, аз рӯи лоиҳа дар таҳхонаи он маҷлисгоҳ ва бойгонӣ, дар ошёнаи якум нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ ва ошёнаи дуюми бино барои фаъолияти кормандони соҳа пешбинӣ гардиданд. Иншооти мазкур моҳи декабри соли 2015 ба истифода дода мешавад.
Иншооти дигаре, ки корҳои сохтмонӣ дар он хуб ҷараён доранд, Қасри ҷавонон мебошад. Бо қомат афрохтани он барои ҷавонони ноҳия шароити мусоиди касбомӯзӣ, фароғатӣ ва корӣ фароҳам мегардад. Сохтмони бино бо маблағгузории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав амалӣ гардида, беш аз як миллион сомониро ташкил медиҳад. Бино дуошёна буда, таҳхона низ дорад. Ошёнаи якуми он барои курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши компютер, дӯзандагӣ ва забономӯзӣ истифода мешавад. Дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ барои кормандони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, масъулони Қасри ҷавонон ва маҷлисгоҳ пешбинӣ шудааст. Сохтмони бинои мазкур аз ҷониби ҶДММ «Тоҷкомсохтмон» нимаи дуюми соли 2013 оғоз гардида, ба истифода додани он моҳи сентябри соли равон дар назар дошта шудааст.
М. ЗОКИР, «Садои мардум»