Дар зиндагӣ инсон баробари хушиҳо ҳамчунин ба мушкилот рӯ ба рӯ меояд. Маҳз аз ин хотир зиндагиро маҷмӯаи бешу камӣ мегӯянд. Бинобар ин, дар ҳама ҳолатҳо бурдборӣ ва боандеша рафтор кардан ба инсон имкон медиҳад, ки умри худро босамар гузаронад. Дар ин миён ҳолатҳое низ ба вуҷуд меоянд, ки на танҳо ҳаёти як нафарро зери хатар мегузорад, балки боиси ташвиши аҳли ҷомеа мегардад. Ин амал таҳдид ба худкушӣ мебошад, ки имрӯз дар ҷомеаи мо низ ба мушоҳида мерасад.
Мафҳуми худкуширо ҳанӯз сад сол пеш — соли 1897 ҷомеашинос Эмил Дюркгейм мавриди таҳқиқ қарор дода буд. Ӯ дар рисолаи илмии худ бо номи «Худкушӣ» («Le suicide») ин мафҳумро чунин шарҳ медиҳад:«Худкушӣ амалест, ки инсон мақсаднок худро ба қатл мерасонад». Ба андешаи бархе аз ҷомеашиносон худкушӣ рафторест, ки дар натиҷаи номутобиқии равонию иҷтимоии шахс дар ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ ба вуҷуд меояд. Ин амалро давлат, дин, оила ва умуман аҳли ҷомеа дар ҳама давру замон сахт маҳкум мекарданд, зеро нуфуз ёфтани худкушӣ мушкилоти демографиро пеш меовард.
Дар ривояте омадааст, ки замоне дар яке аз шаҳрҳои Юнон ҳодисаҳои худкушӣ миёни юнонидухтарҳо зиёд гардида буд. Ҳокими шаҳр ҳукм баровард, ки минбаъд ҷасади шахсони ба худкушӣ дастзадаро дар майдон ба намоиш гузоранд, то барои дигарон дарси ибрат гардад. Воқеан ҳам пас аз ин иқдоми ҳокими шаҳр худкушӣ миёни занон камтар шуд.
Дар «Инҷил» омадааст: «Магар намедонед, ки шумо ибодатгоҳи Худоед ва рӯҳи Худовандӣ дар шумо зинда аст? Агар касе ибодатгоҳи Худоро вайрон созад, Худованд ӯро сазовори ҷазо донад, зеро ибодатгоҳ муқаддас аст ва ин ибодатгоҳ тани шумост». Дар пайвастагӣ бо ин, яҳудиҳо низ худкуширо гуноҳи кабира медонанд, ки аз куштор ҳам ҳукми бадтар дорад.
Аз нигоҳи дини мубини Ислом худкушӣ далел бар адами яъс ва ноумед шудан аз Худо мебошад. Ҳол он ки ноумедӣ аз Худованд гуноҳи бузург аст, ки дар радифи ширк ва куфр қарор мегирад. Аммо бо вуҷуди он ки имрӯз 98 фоизи мардуми мо мусалмонанд, ёфт мешаванд онҳое, ки тавассути ғарқкунӣ, сӯзонидан, буридани рагҳо, беш аз андоза дору хӯрдан, заҳр хӯрдан ба ҳаёти худ хотима мебахшанд. Бинобар иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи онҳое, ки тӯли соли 2013 даст ба худкушӣ задаанд, 568 нафарро ташкил медиҳад. Аксари коршиносон бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои худкушӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор будани шахс аст. Ҳамзамон мушкилоти иқтисодӣ, хушунатҳои хонаводагӣ низ сабаби даст ба худкушӣ задани инсон мегардад.
Равоншиноси тоҷик Маҳмадулло Давлатов ба он назар аст, ки аслан ин падида, пеш аз ҳама, ба тарбияи оила вобастагии қавӣ дорад, яъне, агар оила муҳити солим дошта, дар он муносибатҳои дурусти инсонӣ роиҷ бошанд, ҳаргиз аъзои ин гуна оила ба чунин вазъ гирифтор намешаванд.
- Муҳити носолими оилавӣ ба кас таъсири қавии рӯҳӣ расонида метавонад. Ин гуна муҳит иродаи инсонро заиф карда, ӯро ба худкушӣ водор месозад. Пурсишҳо нишон доданд, ки инсон дар ҳолати шадиди ҳассосият худкушӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, як сабаби худкушӣ ин муҳити носолими психологӣ дар оила, мактаб ва ҷойи кор мебошад, — мегӯяд М. Давлатов.
– Имрӯз, бинобар паст будани маърифати психологӣ, баъзеҳо барои раҳоӣ аз ҳолати бади рӯҳӣ даст ба худкушӣ мезананд, — идома медиҳад ӯ.
- Аслан онҳое ба ин кор даст мезананд, ки мизоҷи холерикӣ доранд. Ин инсонҳо табиатан зудранҷанд. Аз ин лиҳоз, бояд дар муносибатҳои оилавӣ падару модар табиати фарзандон ва дигар аъзои оиларо хуб донанд. Омӯзиши якдигар шарти аввали раҳоӣ аз ин мушкилот аст.
Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз бештар ҷавонон даст ба худкушӣ мезананд. Дар ин маврид равоншинос сабабашро бештар ба ҳолати равонии пурэҳсоси ҷавонон вобаста медонад. Ба андешаи ӯ, дар ин айём ҷавонон «ман»-и худро нишон додан мехоҳанд. Вақте онҳо талаботи худро ба ҷо оварда наметавонанд, дар ҳолати рӯҳафтодагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Ин чанд омил дорад. Аксар маврид калонсолон барои амалӣ шудани талаботи моддию маънавии онҳо монеа мешаванд. Падару модарон зери таъсири хурофот монда, аз рӯйи шиори «ҳар чӣ ман хостам, ҳамон мешавад» — амал мекунанд. Ана дар чунин ҳолатҳо ҷавононро эҳсосот роҳбаладӣ мекунад ва онҳо даст ба худкушӣ мезананд.
Дар пайвастагӣ бо ин гуфтаҳо Заррина Кенҷаева — равоншиноси «Маркази буҳрони боварӣ» -и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он назар аст, ки омилҳои даст ба худкушӣ задан ба шароити моддӣ ва рӯҳӣ алоқамандии қавӣ дорад. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки имрӯз бештар занон даст ба худкушӣ мезананд.
Воқеан, тибқи маълумот, ҳамарӯза дар кишвар на кам аз ду нафар худкушӣ мекунанд, ки қисми зиёди онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Равоншиносон сабаби инро дар хушунатҳои оилавӣ, надоштани маълумот, норасоиҳои иқтисодӣ мебинанд. Бештари ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани занон ба ҳассосият, ҳолати бади зиндагӣ ё муноқишаҳои оилавӣ рабт доранд.
- Аслан нофаҳмӣ байни зану мард аз кам эътибор додани мард ба зан ва зери фишор қарор гирифтани ӯ маншаъ мегирад.Табиист, ки ин ҳангом зан дар ҳолати ногувори равонӣ қарор дорад. Масалан, як зан, ки ба ман муроҷиат карда буд, сабаби қасди худкушӣ намуданашро дар беэътиноии шавҳараш донистааст, — гуфт Заррина Кенҷаева ва идома дод.
- Аслан онҳое даст ба худкушӣ мезананд, ки таъмини зиндагӣ бар дӯши онҳост. Аммо солҳои охир ҷавонон низ аз ин восита истифода мекунанд. Сабаби ба ин кор даст задани ҷавонон ин аст, ки онҳо ин ҳангом дар зинаи баланди гузариши ҳассосият қарор доранд. Ишқ, ҳассосияти хос ва мушкилоти ҷавонӣ монеаи имиҷи онҳо мегардад. Онҳо, ки талаботи маънавии худро ба даст оварда наметавонанд, барои раҳоӣ аз ҳолати бади рӯҳӣ даст ба худкушӣ мезананд.
Воқеан, илми равоншиносӣ метавонад дар ин ҷода мавқеи чашмрас дошта бошад, зеро имрӯз, сарфи назар аз мансубияти диниву ҷинсият, инсонҳо ба машваратҳои психологӣ ниёз доранд. Илми психология метавонад ба ин кор хотима бахшад, агар тадбирҳо, тибқи меъёрҳои муосири ин илм, андешида шаванд. Ин бештар ба мардуми рустоӣ дахл дорад. Як мисоли одӣ:
Вақте як нафар ранҷ мебинад, барои сабук гардидан аламашро ба ҳамсояаш мегӯяд. Аммо бо сабаби фарҳанги психологӣ надоштани ҳамсояаш сирри ӯ оммавӣ мегардад. Ин шадидтарин зарбаи рӯҳӣ барои ӯ мегардад. Ҳаминро ба назар гирифта, дар маркази мо якчанд лоиҳаи психологӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин миён метавон лоиҳаи «Хушунати хонаводагӣ»-ро зикр кард. Муаммое, ки бештар мавриди баҳс қарор мегирад, ин рушди худкушӣ дар ҷомеаест, ки қисми зиёди онро мусулмонон ташкил медиҳанд. Вобаста ба ин андеша як нафар рӯҳонии кишвар- Эшони Бурҳониддин Халилаллоҳ мегӯяд:
-Омили асосии ин амал аз надоштани маърифату надонистани аҳкоми исломӣ аст. Аслан аз нигоҳи ислом шахси худкушро ҷояш ҷаҳаннам аст. Дуруст аст, ки имрӯз бештар занҳо ба ин иштибоҳ роҳ медиҳанд. Ин ҳам сабаби худро дорад. Вақте қадри зан паст гардид, ӯро таҳқир ва латукӯб карданд, тоб наоварда, даст ба худкушӣ мезанад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки модоме мо ба ин дунё омадаем, моро имтиҳони азиме дар пеш аст. Аз ин рӯ, инсон бояд дар қиболи ҳама гуна мушкилот босабр бошад.
Ифтихор Камолов — мудири шуъбаи дармонгоҳи Маркази ҷумҳуриявии клиникии равонӣ зимни суҳбат иброз намуд, ки яке аз сабабҳои даст ба худкушӣ задан ба бемории руҳӣ гирифтор будани инсон аст. Хусусан, ашхосе, ки ба бемории ҳолати рӯҳафтодагӣ (депрессивный синдром) ва ё шизофрения гирифторанд, аксар вақт даст ба худкушӣ мезананд.
Ҷараёни қасди худкушӣ кӯтоҳмуддат аст ва гоҳҳо пас аз ба худ омадан инсон аз кардааш пушаймон мешавад. Ба клиникаи мо бештар онҳоеро меоранд, ки қасди худкушӣ карда, ба мақсад нарасидаанд. Мо ин гуна беморонро тавассути доруҳо ва бештар тавассути суҳбат табобат мекунем. Масалан, як занро, ки чанд лаҳза пеш нияти худро куштан доштааст, ба наздам оварданд. Бо ӯ суҳбат кардам. Вай нақл кард, ки вақте худро куштан хостааст, симои фарзандонаш пеши назараш ҳувайдо гардидааст. Ин манзара каме вақти ӯро гирифтааст, ки ин ҳангом хешовандонаш ба назди ӯ расидаанд. Ба гуфти Ифтихор Камолов, равоншиносони клиникаи онҳо барои беҳтар кардани вазъи саломатии ин гуна беморон ё ҳадди ақал барои пешгирии ин падида барномаҳои махсусро тарҳрезӣ мекунанд, бо чунин шахсон зуд — зуд вомехӯранд ё ба хонаи онҳо рафта, машварат мегузаронанд.
Барои ҳадди ақал пешгирӣ намудани худкушӣ дар ҷомеа бояд чораҳои судманд андешида шавад. Аз ҷумла дар манотиқи кишвар бояд нуқтаҳои махсуси равоншиносӣ таъсис шавад, то дар ҳолатҳои зарурӣ мардум аз ин ҷойҳо маслиҳат гирифта тавонанд. Зеро баъзан инсон шарм медорад, ки аз вазъияти ногувори худ ба хешовандону наздиконаш чизе гӯяд. Илова бар марказҳои психологӣ, метавон марказҳои Шӯрои фатвои исломиро таъсис дод. Ҳолатҳое мешаванд, ки мардон сари ғазаб даст ба коре мезананд, ки боиси вайроншавии оила ва пушаймонии онҳо мегардад. Шояд барои аз нав якҷо шудани оила фатвое вуҷуд дошта бошад, аммо бо сабаби заифии дониши исломӣ, ин кор ҳалли худро намеёбад ва онҳо дар ҳолати шадиди руҳӣ даст ба худкушӣ мезананд. Дар ҳар шаҳру навоҳии кишвар кушодани марказҳои омӯзиши касбҳо таври ройгон ба манфиати кор хоҳад буд. Аксарияти духтароне, ки пас аз хатми мактаб барои идома додани таҳсил дар донишгоҳҳо имкон надоранд, метавонанд дар ин марказҳо ҳунар омӯзанд. Дар ин радиф занҳои бешавҳару серфарзанд низ метавонанд аз ин имкон истифода баранд, то рӯзии хешро беминнат пайдо кунанд.
Ба назари рӯҳшиносони амрикоӣ, сабаби асосии худкушӣ бемашғулиятии инсонҳост, зеро дар танҳоӣ инсон гирифтори васвосаи рӯҳӣ мегардад. Ба гуфтаи Маҳбуба Азимова,- котиби Маркази иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаи мазкур дар тамоми манотиқи кишвар вобаста ба ин мавзӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Ҳоло аз ҷониби кумита дар шаҳру ноҳияҳо 105 Маркази иттилоотӣ- машваратӣ таъсис шудааст. Аксарияти вохӯриҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сурат мегирад.
- Мо дар ин самт бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем, изҳор дошт Маҳбуба Азимова.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»